ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ ҶОМЕАИ МЕҲНАТИИ ДДҲБСТ ДАР РОҲПАЙМОӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар роҳпаймоии идона фаъолона иштирок намуданд.
Иштирокчиён бо парафшонии Парчами давлатӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ эҳтирому арҷгузории худро ба ин муқаддасоти миллӣ ифода намуда, садоқати хешро ба Ватани соҳибистиқлол ва арзишҳои давлатдорӣ нишон доданд.Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад».
Воқеан, Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ ва ифтихори ватандорӣ ҳар як шаҳрванди кишварро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Тоҷикистони азиз ҳидоят менамояд.
Иштироки фаъолонаи ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳ дар ин роҳпаймоӣ нишонаи эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва ифтихор аз давлату миллати хеш мебошад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа















