ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ — ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МО
Ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи иқдомҳои ободониву созандагӣ, имрӯз ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба шанбегӣ баромаданд.
Дар рафти корҳои ободонӣ қитъаи роҳ аз гардиши маҳаллаи 20 то гардиши маҳаллаи 12-уми шаҳри Хуҷанд фаро гирифта шуда, кӯчаву роҳравҳо ва гирду атрофи он аз партовҳо тоза карда шуданд.
Ин иқдоми созанда дар баробари саҳм гузоштан дар ободонии муҳити зист, ифодаи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арҷгузорӣ ба арзишҳои ватандӯстиву созандагӣ мебошад.
Зеро ободии Ватан аз тозагии ҳар як кӯчаву маҳалла ва масъулияти ҳар як шаҳрванд оғоз мегардад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа












