ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – РАМЗИ ИСТИҚЛОЛУ САРҶАМЪИИ МИЛЛАТ
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Суди вилояти Суғд бо устодону донишҷӯён баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси Суди вилояти Суғд Раҳматиллозода Мафтуна, судяи Суди вилояти Суғд Назарзода Нигора ва мушовири раиси Суди вилояти Суғд Содиқзода Самандар иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва муқовимат ба коррупсия роҳандозӣ гардида, ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ равона карда шуд.
Зимни вохӯрӣ оид ба мавзӯъҳои «Ҳуқуқи инсон», «Экстремизм ва терроризм ҳамчун падидаҳои номатлуби ҷомеа» ва «Парчами давлатӣ – рамзи муқаддасоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърузаҳо ироа гардида, масъалаҳои мубрами ҷомеа ва аҳаммияти риояи қонунгузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, миёни иштирокчиён доир ба нақши Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳувияти давлатдорӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки баргузории чунин вохӯриҳо дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тақвияти ҳисси ватандӯстӣ ва омода намудани мутахассисони ояндаи соҳаи ҳуқуқшиносӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа








