Парчами миллӣ нишони истиқлолият
Ба ҳамаи мо маълум аст, ки Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон мавҷуд аст.
Ба ҷой овардани эҳтиром нисбати Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро Парчам як рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст.
Таърих шоҳид аст, ки моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми таърихии Шўрои Олии Тоҷикистон ки дар он такдири ояндаи давлати миллӣ давлати тоҷикон таҳрезӣ гардида, ба суи ҳадафҳои умумимиллӣ сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамхои нахустин гузошта шуданд, баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷаъмии мардум ва ҳифзи тамомияти арзиши кишвар инчунин, рамзҳои нахустин давлати соҳибистиклоламон – Парчам ва дертар Нишон қабул карда шуданд.
Мо имрўз он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихиро бо ифтихор ба хотир меорем, зеро он айём барои мо рузҳои аввалини эъмори сохти нави давлату давлатдорӣ ва ташаккули чомеаи озоди кишвар, яъне огози мархилаи бунёди давлати демократии хукукбунёд ва дунявӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси мардуми Тоҷикистон ба хисоб мерафт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рузи 24-уми ноябрро рузи Парчами давлатии Чумхурии Точикистон эълон доштанд.
Дар ҳамин асос ба хотири мақому манзаллати Парчам дар рукни давлатдори Сарвари давлат ғояи бунёди манораи бузурги Парчамро пешниҳод намуданд, ки аз тарафи умум ҷонибдории комил ёфт.
Ҳамзамон ҷоизи гуфтан аст, ки дар дуюмин солгарди рузи Парчами давлатии Тоҷикистон маросими бунёди манораи бузурги Парчам оғоз гардида дар давоми як сол ба анҷом расид. Дар бунёди он бинокорони корхонаи «Алюминсохтумон» ва ширкати байналмиллали «Трайдент Саппот» заҳмати зиёд кашида, санъати баланди касбӣ нишон доданд. Натиҷаи ҳамин буд, ки 30-юми августи соли 2011 дар маркази ш. Душанбе Парчами давлатии Чумхурии Точикистон дар пояи 165м, ки баландтарин дар чахон аст, парафшон гардид. Баландии худи Парчам 30м ва дарозии ё паҳноии он 60м мебошад.
Дар ҷахони муосир доштани Парчами миллӣ нишони истиклолият, яке аз рамзхои асосии давлатдори ва ваҳдати милӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчамаш муарифӣ мегардад
Бояд тазаккур дод, ки Парчами миллӣ рамзи гиромидошти яке аз муқаддасоти миллати соҳибмаърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши кору фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллат ва ҳидоятгару раҳнамои мардуми кишварамон ба суи сарсабзиву шукуфоӣ ва зиндагии пурсаодат мебошад.
Парчами милли ифодагари иқболу истиқлол иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандустиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Парҷами миллӣ имруз ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзараамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг, ранги сурх-озодиву истиқлол, ранги сафед – сулҳу оромӣ, ранги сабз – ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамадуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медихад.
Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукўҳи тамоми санаҳои таърихи миллиамон, аз ҷумла, гиромидошти Парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти Ватанамон шароити мусоидро фарохам овард.
Парчами давлатии Тоҷикистон хамқадами соҳибистиқлолии Ватанамон буда дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ махсус мешавад, ки дар иҷлосияи 16-уми таърихии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд.
Дар замони муосири ипешрафти давлатдориамон моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихори тамом дошта бошем, эҳтироми онро хамчун нишони давлатдории миллӣ ва истиқлоли Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем.
Санавварзода Ғолибҷон Бақо, н.и.ҳ,
дотсент, мудири кафедраи
ҳуқуқи конститутсионӣ. ДДҲБСТ