РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ-РАМЗИ НАҶОТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ ВА ОҒОЗИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ
«Ҷавонон ояндаи давлатанд. Агар онҳо бо илму хирад ва ахлоқи нек парвариш ёбанд, миллат наҷот меёбад».
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2016 расман таъсис ёфта, 16 ноябр ҳамчун ҷашни давлатӣ эълон гардид.
Ин сана ба рӯйдоди муҳими таърихӣ — Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1992, шаҳри Хуҷанд) мувофиқ аст. Маҳз дар ҳамин иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд ва роҳбарии давлатро дар давраи бисёр душвор — солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба зимма гирифтанд. Ин рӯйдод оғози давраи нави давлатсозӣ, сулҳоварӣ ва эҳёи миллати тоҷик буд. Аз ҳамин сабаб, Рӯзи Президент рамзи наҷоти миллӣ, сулҳу субот ва оғози давлати соҳибистиқлол дониста мешавад.
Мақсад аз рӯзи ид муайян кардани рузи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.
Имрӯз сулҳу ваҳдати миллӣ барои мардуми тоҷик на танҳо дастоварди бузурги таърихӣ, балки арзиши муқаддас ва заминаи асосии зиндагии осоишта, рушди устувор ва ояндаи дурахшони кишвар мебошад. Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон собит намуд, ки танҳо дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми манфиатҳои миллӣ, ҳамбастагӣ ва ҳамкории созанда метавон ҷомеаро ба сӯи пешрафту ободӣ раҳнамун сохт.
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо фароҳам омадани фазои сулҳу субот барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар имкониятҳои васеъ муҳайё гардиданд. Рушди иқтисоди миллӣ, таҳкими иқтидори энергетикӣ, бунёди иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ, таҷдиду навсозии роҳҳои нақлиётӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти иқтисодӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳимми сиёсати давлат ба шумор мераванд. Амалӣ гардидани чунин ҳадафҳо барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат ва фароҳам овардани заминаҳои рушди устувор мусоидат менамояд.
Барои мо ҷавонон имконоти боз ҳам фаровон муҳайё карда шуд. Имрӯз ҳазорҳо ҷавонон бо дастгирии Давлату Ҳукумат дар хориҷӣ кишвар таҳсили илм мекунанд. Даҳҳо донишгоҳҳои нав барои таълиму тадриси ҷавонон маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ таъсис дода шуданд, ки имконоти нав барои ҷавонон аст.
Таъсиси квотаю идропулии Президентӣ ҷавонони имрӯзро рӯҳбаланд намуда, ба фаъолияти ояндаи хеш устуворона қадам мегузоранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби мардумаш шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.
Имрӯз Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти худ ба сӯи пешрафт, субот ва ваҳдати миллӣ қадам мегузорад. Сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба таъмини амният, рушди иқтисодӣ, таҳкими маориф, илм ва фарҳанг равона гардидааст. Президенти кишвар ҳамчун кафили ваҳдати миллӣ ва рамзи якдилии халқ шинохта шудааст. Ҷашни Рӯзи Президент на танҳо ифодаи эҳтиром ба шахсияти роҳбари давлат аст, балки рамзи қадршиносӣ аз заҳматҳо ва хизматҳои Пешвои муаззами миллат дар роҳи ободиву пешрафти Ватан мебошад. Ин рӯз моро водор месозад, ки барои рушду нумӯи Тоҷикистони азиз, таҳкими истиқлолият ва ваҳдати миллӣ саҳми худро гузорем.
Имрӯз Рӯзи Президент на танҳо ҷашни як шахс, балки ҷашни умумимиллии ваҳдату давлатдорӣ аст. Дар ин рӯз шаҳрвандони кишвар на танҳо ба шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ арҷ мегузоранд, балки ба тамоми дастовардҳои даврони истиқлол эҳтиром зоҳир менамоянд.
Ҷавонон имрӯз бо намуна гирифтани Пешвои миллат, ба илмомӯзӣ, заҳмат, ихтироъ ва хизмат ба Ватан рӯ овардаанд. Чуноне ки Пешвои миллат таъкид намудаанд:
«Ҷавонон ояндаи давлатанд. Агар онҳо бо илму хирад ва ахлоқи нек парвариш ёбанд, миллат наҷот меёбад».
Дар донишгоҳ ва муассисаҳои давлатии таълимӣ чорабиниҳои илмию маърифатӣ баргузор мегарданд, ки ҳадафашон шиносонидани насли ҷавон бо таърихи давлатсозӣ ва нақши Президент дар таҳкими Ватан мебошад.
Мо ҷавонон бо чунин Рӯзи таърихӣ барои миллат ҳамеша ифтихор менамоем.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!
Шаҳром Юсуфзода,
донишҷӯйи соли дуюми факултети
техналогияи иноватсионӣ ва бахисобгирии бухгалтерӣ. ДДҲБСТ