Омилҳои ба гурӯҳҳои таҳрибкор ҳамроҳ шудани ҷавонон

Ҷаҳони имрӯз пуртазод аст ва дар ҳама гӯшаҳои олам ҳар рӯз хабарҳои гуногун мерасанд. Ин хабарҳо тавассути расонаҳои хабарии олам зуд паҳн мешаванд, ки баъзе масарратбахш ва қисме воҳимабарангезанд ва ба тафаккури одамон таъсирҳои гуногун мерасонанд. Аз шабакаҳои ахбории олам хабарҳои обхезӣ, сӯхтор, заминҷунбӣ ва фурӯ рафтани пораи заминро мешунавӣ, ки ҳодисаҳои табиӣ мебошанд ва новобаста аз таъсири омили инсонӣ ба вуҷуд меоянд, ки оқибати ҳузуновар ва зиёни онро одамон таҳамул мекунанд ва зарари онро ҷуброн менамоянд. Аммо зуҳуроти номатлубе, ки аз ҷониби ашхоси алоҳида махсус барои тарсонидан, воҳима барангехтан, таҳрибкорӣ кардан, куштану тарконидани одамон ва биноҳои маъмуриву истиқоматӣ нигаронида шудаанд, аз ҷониби шахсони алоҳида, гурӯҳҳои махсуси ҷудоихоҳ, ҳизбу ҳаракатҳо ва ҳатто давлатҳои алоҳида сурат мегиранд, ки ҳамагӣ оқибатҳои номатлуб доранд.
Ҳарчанд чунин амалҳои зиёновар ҳамеша маҳкум мешаванд, вале боз ва боз такрор мешаванд. Саволе ба миён меояд, ки чаро чунин ашхоси ғаразпеша бештар ҷавононро ба чунин аъмол ҷалб мекунанд ва роҳҳои осони ҷалби онҳо чист?
Ба ақидаи мо сафи ҷавонони камсаводу гумроҳ ва бекор дар мамолики гуногуни олам руз то руз зиёд шуда истодааст, ки аксаран на касбу кору ҳунар доранд ва дар аксари давлатҳо онҳоро касе ё созмоне назорат намекунад.
Чунин ҷавононеро, ки ба шуғл ва тарбияи хуб фаро гирифта нашудаанд, бо осонӣ барои амалӣ намудани мақсадҳои ғаразонаи худ ҷалб месозанд, бо роҳи фиреб ва ваъдаҳои бардурӯғи пули зиёд додан ба худкушиву худро тарконидан ташвиқ мекунанд.
Ташвиқоту тарғибот ба ҷавонон асосан тавассути манфиатҳои молявӣ ва тарсонидан аз нигоҳи диниву мазҳабӣ сурат мегирад.
Дар тафаккури ингуна ҷавонони мутаассиб ба ҷуз масъалаҳои мазҳабӣ дигар андешаи солими дунявӣ, ободкорӣ ва дунёшиносӣ дида намешавад. Агар ба баъзе аз нафароне, ки андешаи солим надоранд, насиҳат ё тавсияи роҳнамоии хубе кунӣ, барояшон писанд намеоянд. Бархе аз онҳо ҳатто андарзу панди шоирони классики моро нахондаанду намефаҳманд.
Ҳарчанд дар аксари давлатҳои мутамаддин қонунҳои амалкунанда ҳастанд, ки ҷавононро дар сурати вайрон кардани талаботу қонун он ба муҷозот мекашад, ҳамоно бисёре дидаву дониста ба роҳҳои номатлуби зиндагӣ равона мешаванд ва ба миллату давлату падару модари худ ва фарзандонашон исноду доғ меоранд.
Якчанд омилҳое, ки боиси шомил шавии ҷавонон ба чунин гурӯҳҳои тахрибкор мегарданд.

  1. Дониши нокифоя ва пасти илмҳои дунявӣ ва динӣ.
  2. Аз асолати донишҳои динӣ огоҳ набудан.
  3. Бетарафии падару модар ва наздикон.
  4. Содаву зудбовар будан.
  5. Бекорӣ.

Вобаста ба масъали ба роҳу равиши дурусти зиндагӣ ворид шудан дар китоби муқаддаси Қуръон, ҳадисҳои Пайғамбари акрам Муҳаммад (с) суханҳои хуб хеле зиёданд ва китоби осмонии Қуръон ҳамчун як сарчашмаи файзбазши ростиву покист. Пешвои мазҳаби мо Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, мазҳаби таҳаммулгаронро асос гузоштанд, ки гуфтаҳои ин фарзанди фарзонаи халқи тоҷик бояд раҳнамои ҳамешагии мо бошад. Маҳз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 1310-солагии Имоми Аъзам дар тарбияи ахлоқӣ ва маънавии мардум такони ҷиддие бахшид. Ҳамзамон ба туфайли сиёсати маърифатчуёнаи роҳбарияти мамлакат конфронсҳо ва чорабиниҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ барои пешгирии тундравию ифротгароӣ ва муқовимат бо терроризму экстремизм баргузор гардида, мақсадҳои нопоки хоҷагони чунин амалҳо ва ҳамсафони онҳо маҳкум гардидаанд.
Дар роҳи ҳалли ин масъалаҳо якчанд ниҳодҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, оила, падару модар, мактабҳо, донишгоҳҳо, муассисаҳои динӣ ва коллективи корхонаҳо вазифадоранд, ки дар якҷоягӣ бо мақомотҳои дахлдор корҳои таблиғотии зиёдро ба роҳ монанд ва ҷавононро аз ин роҳи номатлуби ҳаёт баргардонанд.

Юсупова Зарина Шарофитдинова,
муаллими калони кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ. ДДҲБСТ

You might also like