ДДҲБСТ: ҚАДРШИНОСИИ ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Пас аз анҷоми мусобиқаи футбол байни дастаҳои донишҷӯёни факултетҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа дар вазъияти тантанавӣ қадршиносӣ гардиданд.
Дар маросими ҷамъбастии мусобиқа ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматзода иштирок намуда, ба дастаҳои ғолиб ва иштирокчиёни мусобиқа барои иштироки фаъолона, маҳорати варзишӣ ва нишон додани рӯҳияи баланди рақобатпазирӣ изҳори сипос намуданд.
Зимни маросим таъкид гардид, ки баргузории чунин мусобиқаҳои варзишӣ дар тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш, таҳкими дӯстиву рафоқат ва дарёфти истеъдодҳои нави варзишӣ аҳаммияти муҳим дорад. Ҳамзамон, варзиш ҳамчун омили муҳими тарбияи ҷисмонӣ ва маънавии ҷавонон дар ташаккули насли солиму фаъол нақши муассир мегузорад.
Тибқи натиҷаҳои ҷамъбастии мусобиқа, ҷойи якум дастаи муштараки ДДҲБСТ ва ДДИТ, ҷойи дуюм дастаи факултети молия ва андоз ва ҷойи сеюм дастаи факултети филологӣ-педагогӣ гардиданд.
Дар фазои тантанавӣ ба ғолибону ҷоизадорон туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотҳои таъсисдодашуда супорида шуданд.
Мусобиқаи мазкур, ки ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва рӯҳияи баланди варзишӣ ҷамъбаст шуда, барои донишҷӯён ҳамчун имконияти хуби намоиши маҳорати варзишӣ ва таҳкими робитаҳои дӯстона хизмат намуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like