ДАСТАИ ФАКУЛТЕТИ МУШТАРАКИ ДДҲБСТ ВА ДДИТ ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ ГАРДИД
Дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бозии ниҳоии мусобиқаи футбол байни дастаҳои донишҷӯёни факултетҳои Донишгоҳ баргузор гардид.
Мусобиқа бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, бо баргузории бозии ниҳоӣ ҷамъбаст шуд. Дар ин марҳила дастаи факултетҳои молия ва андоз бо дастаи муштараки ДДҲБСТ ва ДДИТ барои ба даст овардани мақоми аввал ба майдон баромаданд.
Бозии ниҳоӣ дар фазои рақобати солим, шавқу завқи баланд ва муборизаи ҷолиби варзишӣ сурат гирифт. Ҳар ду даста барои ба даст овардани ғалаба талош намуда, маҳорати хуби варзишӣ ва омодагии ҷисмонии худро нишон доданд.
Дар натиҷаи рақобати пуршиддат дастаи муштараки ДДҲБСТ ва ДДИТ бо ҳисоби 4:2 бар дастаи факултетҳои молия ва андоз ғолиб омада, сазовори ҷойи аввал гардид.
Мусобиқаи мазкур дар таҳкими тарзи ҳаёти солим, тарғиби футбол, рушди ҳаракати оммавии варзишӣ ва таҳкими дӯстиву ҳамкории байни донишҷӯён нақши муҳим гузошта, ба баланд бардоштани рӯҳияи солими рақобатпазирӣ мусоидат намуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа



