ДДҲБСТ: МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

22 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ризозода Т. Р., декани факултети филологӣ-педагогӣ Нурмаҳмадов Ю., директори Маркази равандҳои сиёсӣ, ҳамгироӣ ва дипломатия Акмолова М., мудири кафедраи забон ва адабиёти рус Негматова М. М., мудирони кафедраҳо ва ҳайати профессорону омӯзгорон иштирок намуданд.
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойро номзадҳои илмҳои филология, дотсентҳои кафедраи забоншиносии умумӣ ва русӣ ва методикаи таълими забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ Неболсина М. С. ва Сухотерина Т. П. намояндагӣ карданд.
Зимни мизи мудаввар масъалаҳои рушди ҳамкориҳои байнидонишгоҳӣ, мубодилаи таҷрибаи касбӣ, такмили таълими забони русӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Диққати махсус ба масъалаи таҳия ва ба имзо расонидани меморандуми дуҷониба оид ба ҳамкорӣ равона гардид. Ҳамзамон, ташаббуси таъсиси Маркази Ассотсиатсияи русшиносони Тоҷикистон дар заминаи Донишгоҳ бо ҷалби намояндагони кафедраҳои забон ва адабиёти руси муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ пешниҳод ва баррасӣ шуд.
Таъкид гардид, ки таъсиси чунин марказ барои муттаҳид намудани омӯзгорони русшинос, густариши робитаҳои илмӣ, ташкили чорабиниҳои муштарак ва баланд бардоштани сифати таълими забони русӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар фарҷоми чорабинӣ ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳои академӣ, рушди робитаҳои илмию методӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак изҳор намуданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like