Дар ДДҲБСТ марҳилаи ҳузурии курси «Идоракунии лоиҳаҳои давлатӣ» ҷамъбаст гардид
23 октябр дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон марҳилаи ҳузурии курсҳои такмили ихтисоси «Идоракунии лоиҳаҳои давлатӣ», ки 21 октябр оғоз гардида буд, ба анҷом расид.
Барномаи мазкур аз ҷониби Академияи президентии хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия (РАНХиГС) дар ҳамкорӣ бо Россотрудничество амалӣ гардида, ба такмили дониш ва малакаҳои касбии мутахассисони соҳаи маориф дар самти идоракунии самараноки лоиҳаҳои давлатӣ равона шудааст.
Дар курс мутахассисони соҳаи маориф аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок намуда, усулҳои муосири банақшагирии лоиҳаҳо, муайян намудани ҳадафу вазифаҳо, идоракунии хавфҳо ва имкониятҳои истифодаи зеҳни сунъиро дар раванди идоракунӣ омӯхтанд.
Дар давоми се рӯзи омӯзиш иштирокчиён дар машғулиятҳои назариявию амалӣ фаъолона ширкат варзида, бо таҷрибаи муосири идоракунии лоиҳаҳо дар бахши давлатӣ шинос шуданд. Ҳамзамон, донишҳои назариявии худро дар ҳалли масъалаҳои мушаххаси амалӣ татбиқ намуда, роҳу усулҳои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти идоракуниро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар рӯзи охирини курс ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шероз Мӯминзода дар маросими ҷамъбастӣ иштирок ва суханронӣ намуда, ба аҳамияти баргузории чунин барномаҳои омӯзишӣ дар баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди салоҳиятҳои касбӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири идоракунӣ дар соҳаи маориф таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Ректори Донишгоҳ зимни суханронии худ таъкид намуд, ки омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва истифодаи технологияҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, дар раванди идоракунӣ барои баланд бардоштани сифати фаъолият ва татбиқи самараноки лоиҳаҳо аҳамияти муҳим дорад. Ҳамчунин, нақши чунин ташаббусҳоро дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии илмию таълимӣ миёни Тоҷикистон ва Федератсияи Русия муҳим арзёбӣ намуд.
Дар идомаи маросим ректори Донишгоҳ ба иштирокчиёни курс шаҳодатномаҳои марҳилаи ҳузуриро тақдим намуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаи касбӣ муваффақият орзу кард.
Иштирокчиён дар навбати худ ба ташкилкунандагон ва омӯзгорони курс барои сатҳи баланди ташкили машғулиятҳо, муҳтавои пурғановати барномаи таълимӣ ва фароҳам овардани имконияти омӯзиши таҷрибаи муосири идоракунии лоиҳаҳо изҳори сипос намуданд.
Тибқи нақша, омӯзиш аз 26 то 29 октябр дар шакли фосилавӣ идома меёбад. Пас аз анҷоми пурраи барнома иштирокчиён соҳиби шаҳодатномаҳои такмили ихтисоси РАНХиГС мегарданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа




