Коррупсия омили монеаи рушди ҷомеа
Пайдоиши коррупсия ба даврони таназзули ҷамоаи ибтидоӣ ва ба миён омадани давлатҳои нахустин, яъне то замоне рафта мерасад, ки вазифаи идоракунӣ имконияти фоидабиниро ба вуҷуд оварда буд. Ин раванд дар ҳар сарзамин ба тарзи хос ҷараён ёфта, онро халқҳои гуногун ба ҳар тарз аз сар гузаронидаанд.
Мувофиқи муқаррароти моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» коррупсия – кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад.
Кирдорҳои коррупсионӣ аз дигар кирдорҳо бо як қатор хусусиятҳо фарқ мекунанд:
- Кирдорҳои коррупсионӣ аз ҷониби амалдорони давлатӣ, ҳамчунин ашхоси вазифаҳои роҳбарии корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои коллективиро ба зиммадошта содир мегарданд;
- Аз ҷониби ашхоси зикршуда барои расидан ба мақсад салоҳиятҳои хидматии онҳо ё имкониятҳои ба онҳо алоқаманд истифода мешаванд;
- Мақсади ин амалҳо гирифтани фоидаи шахсӣ (барои худ ва нафари сеюм).
Коррупсия ҳамчун падидаи таърихӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ ҳамин гуна сабабҳои зиёду гуногунҷабҳа дорад. Яке аз сабабҳои асосии коррупсия омезиши давлат бо иқтисодиёт мебошад, ки он аз таърихи қадими кишвар сарчашма гирифта, дар солҳои ҳокимияти шўравӣ боз ҳам бештар доман паҳн кард. Бояд гуфт, ки имконияти дахолати давлат ба равандҳои иқтисодӣ ҳама вақт барои фоидабинии шахсӣ аз ваколатҳои мансабӣ (маъмурӣ) шароит фароҳам меоварад. Аз ин рў, яке аз мақсадҳои асосии ислоҳоти соҳаи идоракунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтисор кардани миқдори вазоратҳо, муттаҳиду аз нав баррасӣ намудани ваколатҳои онҳо ва ғайраҳо мебошад, ки ба ин васила маҳдуд намудани ҳузур ва дахолати зиёдатии давлат ба иқтисодиёт мебошад.
Коррупсияи муосир шаклҳо ва хусусиятҳои гуногуни зоҳиршавӣ дошта, аз ин лиҳоз онро аз рўи меъёрҳо низ тасниф (гурўҳбандӣ) намуд. Меъёрҳои нисбатан маъмули таснифи коррупсия ҷудокунӣ аз рўи дараҷаи афзоиш, бахшҳои паҳншавӣ ва соҳаҳои фаъолият мебошанд. Чунончӣ, коррупсия аз рўи дараҷаи афзоиш ба се навъ ҷудо мешавад:
- Маҳдуд (ин коррупсия асосан дар сатҳи боло маҳдуд шуда, бахшҳои васеи ҳаёти иҷтимоии ҷомеаро фаро намегирад);
- Паҳншуда (ин коррупсия хеле паҳн шуда, ҳама бахшҳои ҳаёти ҷомеаро фаро мегирад, қариб ҳама кор ба воситаи ришва ҳал мешавад)
3. Харобкунанда (ин коррупсия ба чунон сатҳе мерасад, ки сохти ҷамъиятиро хароб мекунад).
Коррупсия аз рўи бахшҳои паҳншавӣ ба коррупсияҳо дар бахши давлатӣ ва бахши хусусӣ ҷудо мешавад.
Коррупсия дар бахши давлатӣ – кирдорҳои коррупсионии шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, муассисаҳо, ташкилот ва корхонаҳои давлатиро дар бар мегирад.
Коррупсия дар бахши хусусӣ аз он лиҳоз ҷой дошта метавонад, ки хизматчиёни ташкилоту муассисаҳои тиҷоратӣ ва ҷамъиятӣ низ захираҳои ба онҳо тааллуқнадоштаро ихтиёрдорӣ намуда, имконият доранд, ки ин ваколатҳоро бар зарари ташкилоту муассисаҳо аммо ба манфиати шахсии худ истифода баранд.
Аз рўи самтҳои фаъолияти худ коррупсия ба шаклҳои зерин ҷудо мешавад:
- Дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ;
- Дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
- Дар соҳаи андоз ва гумрук;
- Дар сохторҳои низомӣ;
- Дар соҳаи тандурустӣ;
- Дар соҳаи маориф;
- Дар соҳаи хоҷагии манзилию-коммуналӣ;
- Дар соҳаи кишоварзӣ ва ѓайра.
Ҳамин тариқ, коррупсия сўиистифода аз салоҳиятҳои мансабӣ буда, ҳадаф аз он гирифтани фоидаи шахсӣ мебошад. Мафҳуми «коррупсия» танҳо порагириро ифода намекунад, зеро сўиистифода аз салоҳиятҳо метавонад усулҳои сершумори зоҳиршавӣ дошта бошад.
Воситаи муҳими пешгирии коррупсия вусъату тарѓиби донишҳо дар бораи коррупсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ихтилофоти манфиатҳо, меъёрҳои одоб, ҷазодиҳӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани вазъи оштинопазирӣ ба коррупсия дар ҷомеа мебошад.
Хонкилдиев Муминжон,
муаллими калони кафедраи
ҳуқуқи ҷиноятӣ,криминалистика
ва муқовимат ба коррупсияи ДДҲБСТ