Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ҳамчун вазифаи муҳимми давлати ҳуқуқбунёд
Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо кормандони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар алоқа ба ифтитоҳи бинои нави маъмурии Вазорат аз 14 июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе таъкид намуданд, ки эҳтиром ба қонун, риояи тартиботи ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ барои таҳкими волоияти қонун заруранд.
Воқеъан ҳам дар шароити рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон яке аз самтҳои муҳимми ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози давлату миллат дар таъмини рушди устувори ҷомеа, таҳкими қонуният ва ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ нақши назаррас доранд. Аз ин рӯ, сатҳи донишҳои ҳуқуқӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва муносибати бошууронаи ҷавонон ба қонун яке аз омилҳои муҳимми пешрафти ҳар як давлати иҷтимоӣ маҳсуб мешавад.
Маърифати ҳуқуқӣ на танҳо донистани муқаррароти қонунгузорӣ, балки дарки моҳияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, эътирофи уҳдадориҳои қонунӣ, эҳтиром ба ҳуқуқи дигарон ва истифодаи донишҳои ҳуқуқӣ дар амал мебошад. Маҳз пайвастагии донишҳои ҳуқуқӣ бо рафтори масъулонаи шаҳрвандӣ барои ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо заминаи устувор фароҳам меорад.
Дар шароити густариши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ масъалаи мазкур аҳаммияти навро касб кардааст. Истифодаи васеи шабакаҳои иҷтимоӣ, паҳншавии иттилооти носанҷида, эҳтимоли дахолат ба ҳаёти шахсии дигарон, поймол гардидани ҳуқуқи муаллиф ва нокифоя будани огоҳӣ аз оқибатҳои ҳуқуқии рафтор дар муҳити рақамӣ зарурати ташаккули маърифати ҳуқуқии ҷавононро имрӯз назар ба пештар тақвият бахшидааст. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд озодии баён ва истифодаи имкониятҳои рақамиро дар робитаи ногусастанӣ бо эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои дигарон ва риояи талаботи қонунгузорӣ дарк намоянд.
Ҳатто масъалаи мазкурро дар суханронии худ Пешвои миллат бахшида ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ аз 31 августи соли 2026 дар МТМУ № 105-и шаҳри Душанбе бевосита баррасӣ намуда ибзор намуданд, ки ба масъалаи тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар шароити рақамикунонӣ бояд мо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоем. Аз ҷумла, ба масъалаи зарурати ташаккули фарҳанги баланди иттилоотӣ, истифодаи бошууронаи шабакаҳои иҷтимоӣ, муқовимат ба иттилооти бардурӯғ ва истифодаи интернет барои омӯзишу донишандӯзӣ аҳамияти махсус дода шавад.
Маврид ба зикр аст, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон масъулияти муштараки оила, муассисаҳои таълимӣ, мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма мебошад. Ҳамзамон, маърифати ҳуқуқии ҷавонон бояд бо тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эътирофи арзишҳои умумибашарии ҳуқуқи инсон пайванди зич дошта бошад. Ба андешаи мо ҷавони дорои ҷаҳонбинии ҳуқуқии ташаккулёфта метавонад на танҳо ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худро ҳимоя намояд, балки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди ҷомеа низ саҳми фаъол гузорад.
Мо аз ҷавонони кишвар даъват ба амал меорем, ки омӯзиши ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандиро ҷузъи муҳими камолоти шахсӣ ва шаҳрвандии худ қарор дода, ба қонун эҳтиром гузоранд, ҳуқуқу озодиҳои дигаронро риоя намоянд ва дар пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо саҳми фаъол дошта бошанд. Ҳамзамон, аз оилаҳо, муассисаҳои таълимӣ, мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ даъват менамоем, ки дар ҳамкории мутақобила барои ташаккули муҳити мусоиди маърифати ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандии насли ҷавон тадбирҳои пайваста андешанд.
Ҳамин тариқ, маърифати баланди ҳуқуқии ҷавонон яке аз заминаҳои муҳимми таҳкими қонуният, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ мебошад. Қонун танҳо дар сурати дарки моҳияти иҷтимоии он ва риояи бошуурона аз ҷониби шаҳрвандон метавонад ба омили воқеии таъмини адолат ва суботи ҷомеа табдил ёбад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон вазифаи муштараки ҷомеа ва шарти муҳимми бунёди ояндаи устувору ҳуқуқбунёд мебошад.
Очилова Ф. А., н.и.ҳ., дотсент,
мудири кафедраи ҳуқуқи маданӣ ва
меҳнатии факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ