Эҳтиром ба арзишҳои миллӣ
Бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври донишгоҳии фестивали «Атласу адраси Суғд» гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур ретори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода иштирок намуда, иброз кард, ки ҳадафи фестивали мазкур тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ, намоишу парвариши мӯй, ороишу пардози рӯй, ҳаракати мавзун, тарбияи муоширати духтарон, тарғибу ташвиқ ва эҳёи анъанаву маросимҳои миллӣ мебошад.
Дар даври донишгохии фестивали мазкур духтарон аз шаш факултети донишгоҳ дар бахшҳои алоҳида байни ҳам рақобат намуданд.Ба маҳорату малакаи иштирокчиёни фестивали мазкур аз рӯи бахшҳо аъзои ҳакамон баҳогузорӣ намуда, ғолибонро муайян карданд.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки донишҷӯёни донишгоҳ дар даври шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявии фестивали мазкур ширкат намуда, ба гирифтани мақомҳои ифтихорӣ комёб мегарданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо чомеа



