ДДҲБСТ: Баргузории маҳфили «Зан-сарвар, интихобот”

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маҳфили «Зан-сарвар, интихобот” доир гардид. Маҳфили мазкур бо ибтикори шуъбаи таҷрибаомўзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон ва шўрои занону духтарони донишгоҳ тибқи нақшаи МИҲД -и шаҳри Хуҷанд бо мақсади дар амал татбиқ намудани барномаи стратегияи миллии фаъолгардонии занон дар ҶТ барои солҳои 2015-2020,  роҳандозӣ гардид.

Дар маҳфил намояндагони раёсату бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД вилояту шаҳр ҳамчунин номзадҳо ба вакилии маҷлиси вакилони халқ ва олимаҳову занони барӯманд иштирок намуданд.

Иштирокчиёни маҳфил бобати ғамхориву дастгириҳои рўзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  таваҷҷўҳи ҳамешагии роҳбарияти вилоят нисбати дастгирии занону бонувон аз ҳаёт ва фаъолияти хеш ҳамчун ходимони ҷамъиятию сиёсӣ суханронӣ намуда, барои донишҷўдухтарон дастурҳои муфид доданд.

                                                                             Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like