Баргузории маҳфили «Дипломатони ҷавонони иқлим» дар ДДҲБСТ
2 октябри соли 2026 дар Маркази таҳлили равандҳои сиёсӣ, ҳамгироӣ ва дипломатияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ҳамҷоя бо Маркази Франсез Алянси шаҳри Хуҷанд маҳфили «Дипломатони ҷавонони иқлим», бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қатъномаи СММ «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири насли оянда», баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии директори Марказ, профессор Мунирахон Акмалова оғоз гардида, аҳамияти иштироки ҷавонон дар ҳалли масъалаҳои иқлим, ҳифзи муҳити зист, таҳкими сулҳу субот ва рушди устувор таъкид гардид.
Дар идома, муаллимаи калони кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатия Райҳона Расулзода дар мавзӯи «Дипломатияи сабз» баромад намуда, нақши дипломатияи экологӣ ва ҳамкориҳои байналмилалиро дар ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим шарҳ дод.
Дар рафти маҳфил донишҷӯёни курси 2-юм дар мавзӯи «Ҷавонон — муҳофизони иқлим ва сулҳ» баромад намуда, андешаҳо ва пешниҳодҳои худро оид ба ҳифзи муҳити зист, фарҳанги экологӣ ва саҳми ҷавонон дар нигоҳдоштани сулҳу субот ва тозагии муҳит суханронӣ намуданд.
Дар бахши дигари барнома мутахассиси Марказ Умеда Мирзохоҷаева фаъолияти ихтиёриён (волонтёрон) ва лоиҳаҳои таҳиянамудаи ҷавононро муаррифӣ намуда, ташаббусҳои ҷавононро дар самти ҳифзи иқлим, маърифати экологӣ ва татбиқи лоиҳаҳои грантӣ пешниҳод намуд.
Ҳамзамон, роҳбари «Франсез Альянс» дар шаҳри Хуҷанд Муқим Темуров оид ба фаъолияти созмон, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва аҳаммияти иштироки ҷавонон дар ташаббусҳои экологӣ ва ҳамкориҳои судманди тарафайн суханронӣ намуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ муҳокима ва мубодилаи афкор баргузор гардида, иштирокчиён масъалаҳои дипломатияи сабз, ҳифзи иқлим, сулҳ, рушди устувор ва нақши ҷавононро дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ баррасӣ намуданд.
Чорабинӣ дар доираи ҳадафҳои тарбиявию маърифатии Марказ баргузор гардида, барои баланд бардоштани маърифати экологӣ ва сиёсии ҷавонон, рушди ташаббусҳои онҳо ва таҳкими фарҳанги сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат намуд.
Дар чорабинии мазкур оид ба рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса пешниҳодҳои ҷолиб баррасӣ гардиданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа












