1 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи забон ва адабиёти рус конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Искусство перевода: от Фирдоуси до современности», бахшида ба Рӯзи байналмилалии тарҷумонҳо баргузор гардид.

Конференсия бо сухани ифтитоҳии мудири кафедраи забон ва адабиёти рус, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Негматова М.М. оғоз гардид. Зимни суханронии худ ӯ иштирокчиён ва меҳмонони конференсияро хайрамақдам гуфта, оид ба аҳаммияти тарҷума дар рушди робитаҳои фарҳангии байни халқҳо, густариши муколамаи тамаддунҳо ва тарғибу ташвиқи мероси гаронбаҳои адабию фарҳангии халқи тоҷик ибрози андеша намуд. Қайд гардид, ки тарҷума ҳамчун воситаи муҳими муоширати байнифарҳангӣ дар муаррифии арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои адабиёти ҷаҳонӣ нақши муассир дорад. Дар ин замина, осори безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ва ҳамосаи бузурги ӯ «Шоҳнома» намунаи барҷастаи мероси адабие мебошанд, ки тавассути тарҷума ба фарҳангҳои гуногуни ҷаҳон роҳ ёфтаанд.
Сипас, сардори раёсати корҳри илмӣ – тадқиқотӣ  ва рушди инноватсионӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Асророва М.А. оид ба аҳаммияти баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ-назариявӣ суханронӣ намуда, нақши онҳоро дар рушди тафаккури илмӣ, густариши ҳамкориҳои байнидонишгоҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати илмии донишҷӯён таъкид кард. Зикр гардид, ки омӯзиши масъалаҳои назариявӣ ва амалии тарҷума барои омода намудани мутахассисони соҳибмаърифат ва рақобатпазир дар шароити муосир аҳаммияти хосса дорад.

Дар кори конференсия меҳмони даъватшуда аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров — номзади илмҳои филологӣ, дотсент  Шарипов Абдувосит Абдухоликович иштирок намуда, бо маърӯзаи пурмуҳтавои худ таҳти унвони «О русских переводах „Шахнаме“» баромад намуд. Дар маърӯза масъалаҳои тарҷумаи русии «Шоҳнома», хусусиятҳои бадеӣ ва забонии он, инчунин аҳаммияти тарҷума дар ҳифз ва интиқоли мазмуну ғояҳои асари безаволи Фирдавсӣ ба хонандагони русзабон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар идомаи конференсия маърӯзаҳои илмӣ оид ба паҳлуҳои гуногуни мероси адабӣ ва фарҳангии Фирдавсӣ пешниҳод гардиданд. Аз ҷумла, дар маърӯзаи «Андешаҳои Пешвои миллат дар китоби „Чеҳраҳои мондагор“ доир ба „Шоҳнома“-и Фирдавсӣ» масъалаи ҷойгоҳи ҳамосаи безаволи Фирдавсӣ дар арзёбиҳои Пешвои миллат ва аҳаммияти он дар худшиносии миллӣ, эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва тарбияи насли ҷавон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин, маърӯзаи «Фразеологизмы в „Шахнаме“ Фирдоуси» ба таҳқиқи воҳидҳои фразеологӣ дар асари мазкур бахшида шуда, хусусиятҳои забонӣ, маъноӣ ва услубии онҳо, инчунин нақши чунин ифодаҳо дар инъикоси ҷаҳонбинӣ, урфу одат ва арзишҳои фарҳангии мардум баррасӣ гардиданд. Маводи пешниҳодшуда аҳаммияти омӯзиши забони бадеии «Шоҳнома»-ро дар таҳқиқоти филологӣ ва тарҷумашиносӣ равшан намуд.
Қисмати адабию фарҳангии конференсия бо иштироки донишҷӯён баргузор гардид. Донишҷӯён таҳти унвони «Шахнаме на языках мира» бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ баромад намуда, тавассути қироат ва муаррифии порчаҳои осори Фирдавсӣ шуҳрату эътибори ҷаҳонии «Шоҳнома»-ро инъикос карданд. Ин баромадҳо баёнгари таваҷҷуҳи донишҷӯён ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, осори классикӣ ва рушди малакаҳои муоширати байнифарҳангӣ буданд.

Дар рафти конференсия масъалаҳои муҳими назариявӣ ва амалии тарҷума, нақши тарҷумон дар муаррифии мероси адабӣ, хусусиятҳои тарҷумаи осори классикӣ ва аҳаммияти «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар фарҳанги ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Чорабинӣ дар фазои илмӣ ва созанда баргузор гардида, барои табодули афкор, ғанӣ гардонидани донишҳои назариявии донишҷӯён ва таҳкими робитаҳои илмӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like