Боздиди муовини вазири маориф ва илм аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
1 октябри соли 2026 муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иброҳимзода Илҳломуддин ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташриф овард.
Муовини вазири маориф ва илмро ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода самимона истиқбол намуда, вобаста ба фаъолияти Донишгоҳ, раванди таълиму тарбия, шароити таҳсил ва иқтидори таълимии муассиса маълумот пешниҳод намуд.
Зимни боздид муовини вазири маориф ва илм ҳамроҳ бо роҳбарияти Донишгоҳ аз синфхонаҳо ва дигар иншооти таълимӣ дидан намуда, бо ҷараёни баргузории машғулиятҳо, иштироки донишҷӯён дар дарсҳо ва истифодаи маводи таълимӣ шинос гардид.
Зикр гардид, ки фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ, истифодаи усулҳои муосири омӯзиш ва баланд бардоштани сатҳи иштироки донишҷӯён дар раванди таълим аз омилҳои муҳими таъмини сифати таҳсилот ба ҳисоб меравад.
Дар ҷараёни шиносоӣ ба масъалаи мутобиқсозии раванди таълим ба талаботи муосири таҳсилоти ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Муовини вазири маориф ва илм ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ба роҳбарият ва омӯзгорони Донишгоҳ як қатор тавсияву маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуд.
Аз ҷумла, таъкид гардид, ки дар раванди таълим истифодаи васеи технологияҳои муосири рақамӣ, такмили усулҳои таълим, рушди тафаккури мустақилона ва таҳлилии донишҷӯён, баланд бардоштани сатҳи омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ташаккули малакаҳои касбии ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат бояд бештар ба роҳ монда шавад.
Ҳамчунин, зарурати истифодаи таҷрибаи пешрафтаи муассисаҳои таҳсилоти олии ҷаҳонӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди малакаҳои рақамӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир таъкид гардид.
Муовини вазири маориф ва илм ба шароиту имкониятҳои дар Донишгоҳ фароҳамгардида баҳои баланд дода, ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва минбаъд боз ҳам беҳтар намудани сифати таҳсилот дастуру тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуд.
Ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода таъкид намуд, ки роҳбарияти муассиса минбаъд низ ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълим, такмили маҳорати касбии омӯзгорон ва омода намудани мутахассисони соҳибкасбу рақобатпазир тамоми имкониятҳоро истифода хоҳад бурд.
Боздиди мазкур дар доираи ҳамкории судманд ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии соҳаи маориф ва баланд бардоштани сифати таҳсилоти олӣ баргузор гардида, барои такмили минбаъдаи раванди таълим дар Донишгоҳ муҳим арзёбӣ гардид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа







