Дастаи волейболбозони ДДҲБСТ дар спартакиадаи вилоятӣ мақоми аввалро соҳиб шуд

Дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими ҷамъбастии спартакиадаи варзишӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи иттифоқҳои касаба баргузор гардид.

Дар чорабинии ҷамъбастӣ муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд Мӯсобек Самизода, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шероз Мӯминзода, устодону кормандони соҳаи маориф, иштирокчиён ва ғолибони мусобиқа ширкат намуданд.

Спартакиада аз рӯи намудҳои шашка, шоҳмот, тенниси рӯи миз, волейбол ва футбол баргузор гардида, иштирокчиён маҳорати варзишӣ, омодагии ҷисмонӣ ва рӯҳияи солими рақобатро нишон доданд.
Дар натиҷаи мусобиқа дастаи волейболбозони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон сазовори мақоми якум гардид. Ин дастоварди варзишгарони Донишгоҳ нишонаи омодагии хуб ва иштироки фаъоли устодону кормандони муассиса дар чорабиниҳои варзишӣ мебошад.

Дар фарҷоми чорабинӣ ғолибон ва ҷоизадорон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардида, ба ҳамаи иштирокчиён барои иштироки фаъолона ва саҳми онҳо дар рушди ҳаракати варзишӣ изҳори сипос карда шуд.

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба рушди тарбияи ҷисмонӣ, дастгирии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, минбаъд низ барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати иштироки устодону кормандон дар чорабиниҳои варзишӣ тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад кард.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like