Тақвияти ҳамкориҳои ДДҲБСТ бо Донишгоҳи давлатии Фарғона
28 сентябр дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Водии Фарғона: фазои сулҳ, эътимод ва шукуфоӣ» ба кори худ оғоз намуд. Форум ба солгарди қабули Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон бахшида шуда, дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои дипломатӣ, марказҳои таҳқиқотӣ, воситаҳои ахбори омма, созмонҳои ҷавонону занон ва ҷомеаҳои маҳаллии кишварҳои водии Фарғона иштирок доранд.
Дар доираи форуми мазкур ректори Донишгоҳи давлатии Фарғона Баҳодирҷон Шермуҳаммадов бо ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шероз Мӯминзода мулоқот намуд.
Вохӯрӣ дар Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои байнидонишгоҳӣ ва дурнамои густариши робитаҳои илмӣ, таълимӣ ва фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки рушди ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар самти табодули таҷриба, баргузории чорабиниҳои илмӣ ва таълимӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, табодули омӯзгорону донишҷӯён ва таҳкими робитаҳои илмию методӣ метавонад ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар мусоидат намояд.
Ректори Донишгоҳи давлатии Фарғона зимни боздид аз имкониятҳо ва шароити таълимӣ, илмӣ ва инноватсионии ДДҲБСТ ба фаъолияти Донишгоҳ баҳои баланд дода, омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои судманд дар самтҳои гуногун иброз намуд.
Дар фарҷоми мулоқот байни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Фарғона шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Санади мазкур заминаи ҳуқуқиро барои рушди муносибатҳои дуҷониба ва татбиқи ташаббусҳои муштарак фароҳам меорад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

















