Мулоқоти ректори ДДҲБСТ бо хатмкунандагон
Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи МИҲД-и вилояти Суғд мулоқоти ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, профессор Муъмин Шарифзода бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо идома дорад. Чанде пеш чунин вохӯриҳо дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Шаҳристону Истаравшан, Исфараву Зафаробод, Спитамену Ҷаббор Расулов ва Мастчоҳу Ашт бо доираи васеи хатмкунандагон доир гардида буд.
Чунин мулоқот имрӯз санаи 13 феврал дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ доир гардид. Дар мулоқот роҳбарони донишгоҳҳои олии касбии вилоят ба довталабон оид ба имкониятҳо ва шароити таҳсил дар донишгоҳҳо маълумот доданд.
Аз ҷумла, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон профессор Муъмин Шарифзода зимни баромади худ афзуд, ки дар донишгоҳ шароит барои таҳсил дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Қайд гардид, ки ДДҲБСТ дорои шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ буда, имконият ва шароити хуби таҳсил бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва хитойи дар аудитория, лабораторияҳои муҷаҳҳазу барҳаво бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ, китобхонаи илмӣ ва электронӣ, баҳрабардорӣ аз низоми мукаммали шабакавӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва таҳсилоти фосилавӣ, марказҳои компютерӣ ва тестӣ, омўзиши Аврупо ва забонҳо, парки технологӣ, хобгоҳ ва шароити хуби фароғату таълим, машғулият бо иштироки устодони варзида ва соҳибтахассус имконияти идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ, кор бо барномаҳои байнайналхалқӣ, таҷрибаомўзӣ дар коргоҳу муассисаҳои пешқадам, курсхои кутохмуддати забономузи ва ронандаги, маҷмааи зебову замонавии варзиширо пешниҳод менамояд.
Илова гардид, ки донишҷӯёни ДДҲБСТ ғолибони озмуну олимпиада, мусобиқаҳои сатҳи байналмилаливу ҷумҳуриявӣ дар самти таълиму тарбия, илм ва варзиш мебошанд.
Рамзи донишгоҳ дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 110 қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар мулоқоти мазкур беш аз 600 нафар хатмкунандагон аз муассисаҳҳои таҳсилоти миёнаву умумии шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.
Мулоқоту вохӯриҳои роҳбарони донишгоҳҳо бо хатмкунандагон дар дигар шаҳру ноҳияҳо идома дорад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа
















