Баргузории конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Методикаи таълим, таҳқиқоти илмӣ ва татбиқи зеҳни сунъӣ дар соҳаи маориф” дар ДДҲБСТ
25 сентябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Методикаи таълим, таҳқиқоти илмӣ ва татбиқи зеҳни сунъӣ дар соҳаи маориф”, бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори конференсия олимони варзида, мутахассисони соҳа, меҳмонон, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳ ширкат варзиданд.
Дар оғоз, ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода баромад намуда, меҳмонон ва иштирокдорони конференсияро ба боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт. Ӯ қайд намуд, ки конференсияи имрӯза дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ аҳамияти махсус дошта, имрӯз низоми маориф на танҳо ба интиқоли дониш, балки ба ташаккули шахсияти эҷодкор, дорои тафаккури интиқодӣ, қобилияти таҳлил ва омодагӣ ба истифодаи технологияҳои муосир равона гардидааст.
Дар ин раванд, методикаи таълим яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани сифати таҳсил ба ҳисоб меравад. Усулҳои муосири таълим бояд донишомӯзон ва донишҷӯёнро ба фаъолияти мустақилона, таҳлил, таҳқиқ ва ҳалли масъалаҳои воқеӣ ҷалб намоянд. Омӯзгор дар ин раванд на танҳо интиқолдиҳандаи дониш, балки роҳнамо, машваратчӣ ва ташкилкунандаи муҳити таълимӣ мебошад.
Ҷанбаи дигари муҳими мавзӯи конференсия таҳқиқоти илмӣ буда , пешрафти соҳаи маориф бе рушди таҳқиқоти илмӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави таълим имконнопазир аст. Таҳқиқоти илмӣ ба мо имкон медиҳад, ки мушкилоти мавҷудаи низоми таълимро муайян намуда, роҳҳои самараноки ҳалли онҳоро пешниҳод намоем.
Дар баробари ин, имрӯз мо шоҳиди рушди босуръати зеҳни сунъӣ ҳастем. Зеҳни сунъӣ тадриҷан ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ворид шуда, барои маориф низ имкониятҳои нав фароҳам меорад.
Истифодаи зеҳни сунъӣ метавонад дар таҳияи маводи таълимӣ, омода намудани супоришҳои инфиродӣ, ҷустуҷӯ ва коркарди иттилоот, таҳлили натиҷаҳои таълим ва дастгирии фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ мусоидат намояд. Яъне, технологияҳои зеҳни сунъӣ метавонанд раванди таълимро бештар мутобиқ ба талаботи инфиродии донишомӯз ва донишҷӯ гардонанд, илова намуд Мӯминзода Ш.А.
Тибқи барномаи конференсия академики Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.п., профессор Назаров Ахтам Пулот дар мавзуи “Татбиқи методи Пулот дар арзёбии объективонаи дониши хонандагон оид ба ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ дар раванди омӯзиши ҷадвалҳои электронӣ“ (тариқи онлайн), н.и.п., дотсенти Донишгоҳи миллии тадқиқотии “ТИИИМСХ” Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рузметова Мухаббат дар мавзуи “Преподавание литературы англоязычных стран с использованием инструментов на базе искусственного интеллекта” (тариқи онлайн), н.и.и., мудири кафедраи барномасозӣ ва зеҳни сунъии МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Низомиддинов Сайфиддин Шарофидинович дар мавзуи “Донишгоҳи зеҳнӣ: зеҳни сунъӣ дар таълим, илм ва идоракунии сифати таҳсилот”, н.и.и., дотсенти кафедраи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезии ДДҲБСТ Қосимова Марҳабо Икромалиевна дар мавзуи “Баҳодиҳӣ ва санҷиши донишҷўён тавассути алгоритмҳои зеҳни сунъӣ маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Зимни ироаи маърӯзаҳо таъкид гардид, ки ҳамгироии методикаи муосири таълим, таҳқиқоти илмӣ ва имкониятҳои зеҳни сунъӣ метавонад барои ташаккули муҳити нави таълимӣ заминаи мусоид фароҳам оварад. Муҳим аст, ки дар ин раванд омӯзгорон, муҳаққиқон ва муассисаҳои таълимӣ таҷрибаҳои худро мубодила намуда, роҳҳои мувофиқ ва самараноки истифодаи технологияҳои навро муайян намоянд.
Дар анҷоми маърўзаҳои илмӣ байни иштирокчиён ва меҳмонон доир ба мавзуи баррасишаванда музокироти судманди илмӣ ҷараён гирифт.
Дар ҷамъбаст иштирокчиёни ҳамоиши байналмилалӣ барои маърӯзаҳои пурмӯҳтаво бо Сипосномаи раёсати Донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд.
Кори конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Методикаи таълим, таҳқиқоти илмӣ ва татбиқи зеҳни сунъӣ дар соҳаи маориф” дар бахшҳо идома ёфта, дар онҳо маърӯзаҳои олимону устодони соҳа шунида шуданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа
















