ДДҲБСТ: БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ – РАМЗИ ШАРАФУ НОМУСИ ВАТАНДОРӢ ВА МУҚАДДАСОТИ ҶОВИДОНӢ»
7 сентябри соли 2026 дар толори Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Истиқлоли давлатӣ – рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва муқаддасоти ҷовидонӣ» баргузор гардид.
Конференсияи мазкур ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадафи он таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои истиқлолу давлатдорӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷомеа, инчунин баррасии дастовардҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши онҳо дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ буд.
Дар кори конференсия роҳбарияти Донишгоҳ, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, олимону муҳаққиқон, устодон ва дигар иштирокчиён ширкат намуданд.
Конференсия бо сухани ифтитоҳии ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода оғоз гардид. Ректори Донишгоҳ ҳозирин ва иштирокчиёни конференсияро ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, таъкид кард, ки истиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллату давлат муқаддастарин арзиш ва омили асосии муайянкунандаи сарнавишти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии он ба ҳисоб меравад.
Зикр гардид, ки барои мардуми соҳибтамаддуни тоҷик соҳибистиқлолӣ танҳо ба даст овардани ҳуқуқи мустақилона муайян намудани роҳи давлатдорӣ набуда, балки эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди устувори кишвар мебошад.
Ректори Донишгоҳ иброз дошт, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон 35-умин солгарди Истиқлоли давлатиро бо ифтихор таҷлил менамоянд. Ин сана барои ҳар як шаҳрванди кишвар рамзи сарҷамъӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳсоси масъулияти баланд дар назди Ватан маҳсуб ёфта, моро водор месозад, ки ба қадри сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ расида, дар пешрафту ободии Тоҷикистони азиз саҳми арзанда гузорем.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон марҳилаи басо ҳассосу мураккаб ба шумор мерафт. Кишвар бо мушкилоти зиёди сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Бо вуҷуди ин, дар натиҷаи талошҳои пайвастаи роҳбарияти давлат ва сиёсати созандаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар кишвар сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ таъмин гардида, барои рушди минбаъдаи давлат ва ҷомеа заминаҳои устувор гузошта шуданд.
Дар идомаи конференсия раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Салимзода Ҷаҳонгир ва дигар иштирокчиён доир ба аҳамияти Истиқлоли давлатӣ, нақши он дар таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди ҷомеаи муосири Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.
Дар бахши маърузаҳои илмӣ Мунира Акмалова дар мавзуи «Саҳми занон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушди Тоҷикистони муосир» суханронӣ намуда, нақши арзандаи занонро дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат мавриди таҳлил қарор дод.
Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва муқовимат бо коррупсияи ДДҲБСТ Назира Ғаффорӣ дар мавзуи «Муаррифии китоби дарсӣ аз фанни ҳуқуқи ҷиноятӣ ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза намуда, аҳамияти рушди илми ҳуқуқшиносӣ ва таъмини муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо адабиёти муосири таълимиро таъкид кард.
Ҳамчунин доктори илмҳои таърих, профессор, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ Нӯъмонҷон Ғаффорӣ таҳти унвони «Дипломатияи Тоҷикистон дар масири 35 соли Истиқлоли давлатӣ» маъруза намуда, марҳилаҳои ташаккул ва рушди дипломатияи миллӣ, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва нақши сиёсати хориҷии кишварро мавриди баррасӣ қарор дод.
Шавкатмоҳ Қосимӣ дар мавзуи «Рушди сармояи инсонӣ – заминаи асосии таҳаввулоти инноватсионӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол» маърӯза намуда, аҳамияти рушди захираҳои инсонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату дониш ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосирро таъкид намуд.
Маърузаҳои ироашуда ба масъалаҳои муҳимми рушди давлатдории миллӣ, таҳкими Истиқлоли давлатӣ, саҳми занон дар пешрафти ҷомеа, рушди илми ҳуқуқ, дипломатияи миллӣ, сармояи инсонӣ ва таҳаввулоти инноватсионӣ бахшида шуда, боиси мубодилаи афкор ва андешаҳои судманди илмӣ гардиданд.
Дар фарҷоми конференсия ба як зумра устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар фаъолияти ҷамъиятиву сиёсӣ, корҳои илмӣ-таълимӣ ва тарбияи насли ҷавон Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тақдим карда шуд.
Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар ДДҲБСТ дар заминаи таҷлили 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ бозгӯи эҳтироми ҷомеаи донишгоҳӣ ба арзишҳои муқаддаси миллӣ, аз ҷумла истиқлол, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва давлатдории мустақил буда, дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллии устодону донишҷӯён нақши муҳим гузошт.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа












