ПАЙКИ ИСТИҚЛОЛ: МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТИВУ ҶАШНИИ ОМӮЗГОРОНИ ДДҲБСТ

Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати қадршиносӣ аз хизматҳои шоистаи аҳли илму маориф, як қатор омӯзгорони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ ва ҷашнӣ сарфароз гардиданд.
Дар ин робита устодони Донишгоҳ Алиҷон Бойматов, Дилрабо Хоҷаева ва Исматулло Мирпочоев барои фаъолияти пурсамар, саҳми арзанда дар рушди соҳаи маорифу илм, тарбияи насли наврас ва донишҷӯён, инчунин хизмати содиқона дар пешрафти ҷомеа бо мукофотҳои давлатӣ ва ҷашнӣ қадршиносӣ шуданд.
Ин дастоварди арзишманд барои ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳ мояи ифтихор буда, баёнгари таваҷҷуҳу ғамхории пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба аҳли маориф ва илм мебошад. Қадршиносии устодон дар арафаи ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аҳамияти хос дошта, меҳнати содиқона ва фаъолияти самараноки омӯзгоронро боз ҳам маънодор мегардонад.
Ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода устодони соҳибмукофот — Алиҷон Бойматов, Дилрабо Хоҷаева ва Исматулло Мирпочоевро ба муносибати ин дастоварди шоиста самимона табрик намуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаи илмиву омӯзгорӣ комёбиҳои нав, саломатии бардавом ва саодати рӯзгор орзу намуд.
Зимни табрик таъкид гардид, ки чунин қадршиносӣ на танҳо натиҷаи заҳмати чандинсолаи омӯзгорон, балки нишони эҳтироми давлат ба шахсиятҳои соҳаи маориф ва илм мебошад. Мукофотҳои давлатӣ ва ҷашнӣ барои устодон масъулияти бештар ҷиҳати идомаи фаъолияти самаранок, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосирро тақвият мебахшанд.
Дастоварди устодони ДДҲБСТ дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бори дигар собит месозад, ки соҳибистиқлолӣ барои рушди илму маориф, таҳкими заминаҳои донишгоҳӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои фаъолияти аҳли зиё шароити созгор фароҳам овардааст.
Ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон устодони арҷманд Алиҷон Бойматов, Дилрабо Хоҷаева ва Исматулло Мирпочоев-ро ба муносибати сарфароз гардидан бо мукофотҳои давлатӣ ва ҷашнӣ самимона табрик намуда, барояшон дар роҳи пуршарафи илму маориф ва тарбияи насли созандаву соҳибмаърифат комёбиҳои нав ба нав орзу менамояд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like