ДДҲБСТ: ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ
Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳ дар маҷлисгоҳҳои барҳаво ва синфхонаҳо дастаҷамъона тамошо карданд.
Ҷомеаи донишгоҳӣ бо таваҷҷуҳи хос суханронии Пешвои миллатро тамошо намуда, аз дастуру ҳидоятҳои созанда ва андешаҳои муҳим вобаста ба рушди соҳаи маориф, нақши илму дониш дар пешрафти ҷомеа, таълиму тарбияи насли ҷавон ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ баҳравар гардид.
Дар ин чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода ва муовини якуми раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Гайбуллозода иштирок ва баромад карданд.
Тамошои суханронии Пешвои миллат дар оғози соли нави таҳсил барои аҳли Донишгоҳ аҳамияти муҳими маърифатию тарбиявӣ дошта, дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон нақши муҳим мегузорад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа


































