ФАРҲАНГИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР ОИНАИ ҶАҲОН БАҲРИ ПОЙДОРИИ СУЛҲИ САРТОСАРӢ

Фарҳанги сулҳ ва ризоияти миллӣ аз бузургтарин дастовардҳои таърихии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба шумор рафта, ин дастоварди сарнавиштсоз маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандона, иродаи қавӣ ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба воқеият табдил ёфтааст. Маҳз бо роҳбарии Сарвари давлат ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик – зиндагӣ дар фазои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва пешрафта амалӣ гардид.
Имсол таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо рӯйдоди муҳими байналмилалӣ рост омад. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)»-ро қабул намуд. Ин санади муҳим боз як далели эътирофи нақши Тоҷикистон дар пешбурди фарҳанги сулҳ ва ҳамзистии осоишта дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Сулҳ арзишест, ки ба осонӣ ба даст намеояд. Барои расидан ба он иродаи сиёсӣ, хирад, сабру таҳаммул, гузашт ва эҳтироми манфиатҳои миллӣ зарур аст. Таҷрибаи Тоҷикистон собит намуд, ки танҳо тавассути муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва созиш метавон низоъҳои дохилиро бартараф намуда, заминаи рушди устувори давлатро фароҳам овард.Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳар яки

моро зарур аст, ки воқеаҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997-ро ба ёд оварем. Он ҷанг тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, ба иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг ва маънавиёти мардум зарари бузург расонд. Ҳазорон нафар ҷони худро аз даст доданд, садҳо ҳазор нафар муҳоҷир шуданд ва иқтисоди миллӣ ба буҳрони амиқ рӯ ба рӯ гардид. Муҳити ноором, камбуди маводи ниёзи аввал ва ноумедӣ зиндагии ҳар як сокини кишварро фаро гирифта буд.

Маҳз дар чунин шароити ниҳоят душвор Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти таърихии наҷоти давлат ва миллатро бар дӯш гирифтанд. Бо матонат, иродаи устувор ва ҳисси баланди ватандӯстӣ тамоми неруи худро барои хотима бахшидан ба ҷанг ва барқарор намудани сулҳу субот равона намуданд. Ин рисолати таърихӣ на танҳо ҷасорати сиёсӣ, балки ҳунари баланди дипломатия, таҳаммул ва садоқат ба манфиатҳои миллӣ талаб мекард.
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ натиҷаи як мулоқоти кӯтоҳ набуд. Ба даст омадани он самараи музокироти тӯлонӣ, машваратҳои пайдарпай ва талошҳои шабонарӯзии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат маҳсуб меёбад. Раванди гуфтушунид ҳанӯз аз моҳи апрели соли 1994 оғоз гардида, пас аз ҳашт даври музокирот ва бисту як вохӯрии расмӣ ҷонибҳо ба созиши таърихӣ расиданд. Дар ҳамаи ин марҳилаҳо манфиатҳои давлат ва миллат болотар аз ҳама гуна манфиатҳои гурӯҳӣ қарор дода шуданд.

Ниҳоятан, рӯзҳои 24–27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, сулҳу оромиро дар саросари кишвар барқарор намуд. Бо қабул гардидани он ҷомеа ба марҳилаи нави рушд ворид шуда, фазои эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва бунёдкорӣ дар мамлакат фароҳам омад.
Бо шарофати сулҳу ваҳдат фаъолияти мақомоти давлатӣ пурра барқарор гардид, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ таҳким ёфтанд, иқтисоди миллӣ тадриҷан рушд кард, сатҳи зиндагии мардум беҳтар шуд ва барои пешрафти соҳаҳои маориф, илм, тандурустӣ ва фарҳанг заминаи мусоид муҳайё гардид. Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар ва шарики боэътимод мавқеи устувор пайдо намуд.

Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҳамчун намунаи муваффақи ҳалли низоъҳои дохилӣ тавассути муколама эътироф шудааст. Ин таҷриба нишон дод, ки ҳатто мушкилтарин ихтилофҳоро метавон бо роҳи гуфтушунид, созиш ва эҳтироми манфиатҳои миллӣ ҳал намуд. Аз ин ҷиҳат, таҷрибаи сулҳи тоҷикон на танҳо арзиши миллӣ, балки аҳамияти байналмилалӣ низ дорад.

Дар шароити имрӯза, ки ҷаҳон бо ҷангҳо, низоъҳои мусаллаҳона, терроризм, ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои амниятӣ рӯ ба рӯ гардидааст, аҳамияти таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон боз ҳам бештар эҳсос мешавад.

Маҳз аз ҳамин лиҳоз ташаббуси нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2027–2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ҷонибдорӣ пазируфта шуд. Қабули ин қатънома далели равшани эътимоди ҷомеаи байналмилалӣ ба сиёсати сулҳҷӯёна ва нақши созандаи Тоҷикистон мебошад.
Қатъномаи мазкур на танҳо дастоварди муҳими дипломатияи тоҷик, балки саҳми арзишманд дар таҳкими фарҳанги сулҳ дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Он кишварҳоро ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, пешгирии низоъҳо, густариши муколама ва тарбияи насли нав дар рӯҳияи сулҳпарварӣ ҳидоят мекунад.
Боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки имрӯз таҷрибаи сулҳу ваҳдати тоҷикон ба мактаби эътирофшудаи сулҳофарӣ табдил ёфтааст. Вазифаи ҳар яки мо ҳифз намудани ин неъмати бебаҳо, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, таҳаммулгароӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад. Танҳо дар сурати ҳифзи сулҳу ваҳдат метавон рушди устувори давлат, зиндагии шоистаи мардум ва ояндаи дурахшони Тоҷикистонро таъмин намуд. Қатъномаи нави Созмони Милали Муттаҳид низ идомаи мантиқии ҳамин роҳи сулҳофаронаи Тоҷикистон буда, ҷойгоҳи миллати тоҷикро ҳамчун миллати сулҳпарвар ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ боз ҳам таҳким мебахшад.

Иноятзода А.И.-омӯзгори ДДҲБСТ

 

You might also like