ТОҶИКИСТОН ҶАҲОНРО БА СӮИ ОЯНДАИ АМН ҲИДОЯТ МЕКУНАД

Ҷаҳони имрӯз дар марҳилае қарор дорад, ки масъалаи сулҳу амният аз доираи манфиатҳои алоҳидаи давлатҳо гузашта, ба масъалаи сарнавиштсоз барои тамоми инсоният табдил ёфтааст. Шиддат гирифтани рақобатҳои геополитикӣ, густариши низоъҳои мусаллаҳона, афзоиши таҳдидҳои терроризм ва ифротгароӣ, буҳронҳои иқтисодӣ, муҳоҷират ва дигар чолишҳои глобалӣ нишон медиҳанд, ки низоми муносибатҳои байналмилалӣ ба таҳкими механизмҳои нави эътимод, ҳамкорӣ ва фарҳанги сулҳ ниёз дорад.

Дар чунин шароити ҳассоси сиёсӣ қабули қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, аҳамияти муҳими сиёсӣ ва байналмилалӣ касб мекунад.

Ин қатънома на танҳо дастоварди навбатии дипломатияи Тоҷикистон, балки ҳуҷҷати муҳими сиёсие мебошад, ки масъалаи сулҳро ҳамчун шарти асосии рушди устувори инсоният дар меҳвари рӯзномаи байналмилалӣ қарор медиҳад. Ташаббуси мазкур идомаи мантиқии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамчун сиёсати созанда, мутавозин ва сулҳпарвар ташаккул ёфтааст.

Тоҷикистон яке аз камтарин давлатҳое мебошад, ки таҷрибаи барқарор намудани сулҳи дохилӣ тавассути муколама ва созиши миллӣ дорад. Маҳз ҳамин таҷриба имкон дод, ки имрӯз кишвари мо дар сатҳи байналмилалӣ масъалаҳои вобаста ба таҳкими сулҳ ва ҳамзистии осоиштаро бо эътимоди баланд пешниҳод намояд. Аз ҳамин лиҳоз, қабул гардидани қатънома и мазкур аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ дар асл эътирофи байналмилалии таҷрибаи сулҳофаринии Тоҷикистон низ ба ҳисоб меравад.

Ҷиҳати дигари муҳим он аст, ки қабули ин қатънома дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид. Ин воқеа аҳамияти сиёсӣ ва маънавии хос дошта, идомаи мантиқии таҷрибаи сулҳу ваҳдати Тоҷикистон ва сиёсати сулҳпарваронаи он дар арсаи байналмилалӣ дониста мешавад. Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон танҳо як рӯйдоди таърихӣ нест, балки модели муваффақи ҳалли низои дохилӣ тавассути гуфтушунид, созиш ва авлавият додан ба манфиатҳои миллӣ мебошад. Дар шароите, ки имрӯз бисёр минтақаҳои ҷаҳон аз низоъҳои тӯлонӣ ранҷ мебаранд, таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҳатто мушкилтарин ихтилофҳо низ метавонанд тавассути иродаи сиёсӣ, фарҳанги муколама ва масъулияти миллӣ ҳал карда шаванд.

Ба андешаи мо, акнун арзиши сулҳ бояд аз вокуниш ба низоъ ба сиёсати пешгирии низоъ табдил дода шавад. Зеро, то имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бештар ба идоракунии буҳронҳо машғул буд. Аммо воқеияти имрӯз нишон медиҳад, ки пешгирии низоъ нисбат ба бартараф намудани оқибатҳои он хеле самаранок мебошад. Аз ин нуқтаи назар, «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» тӯли солҳои 2027-2036 метавонад барои рушди дипломатияи пешгирикунанда, таҳкими эътимоди байни давлатҳо, густариши фарҳанги муколама ва такмили механизмҳои байналмилалии ҳифзи сулҳ заминаи мусоид фароҳам оварад. Қатъномаи қабулшуда ҷаҳонро ба фарҳанги ҳамкорӣ ва ҳаммасъулиятӣ ҳидоят мекунад.

Агар дар асри гузашта асосан амнияти давлатҳо меҳвари сиёсати байналмилалӣ ба ҳисоб мерафт, имрӯз амнияти инсон аҳамияти бештар пайдо кардааст. Дар ин росто, ҳадафи ниҳоии қатънома ҳифзи ҳуқуқи инсон, таъмини зиндагии осоишта, рушди устувор ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои наслҳои оянда мебошад. Бе сулҳ ҳеҷ яке аз Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид амалӣ шуда наметавонад. Аз ин рӯ, сулҳ на танҳо ҳамчун арзиш, балки омили асосии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Хусусияти муҳими ин қатънома дар он аст, ки он мустақиман ба манфиатҳои наслҳои оянда нигаронида шудааст. Ин маънои онро дорад, ки ҷавонони имрӯз иштирокчиёни асосии татбиқи ҳадафҳои ин даҳсолаи байналмилалӣ мебошанд. Зеро мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки ҳифз ва таъмини сулҳ танҳо вазифаи дипломатҳо нест, балки ҷомеаи дорои маърифати баланд, шаҳрвандони масъул ва ҷавонони соҳибандеша низ мебошад. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд ба субъекти фаъоли таҳкими сулҳ табдил ёфта бошанд. Дар ин роҳ онҳо бояд дорои арзишҳои зерин бошанд:

–      маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии худро мунтазам такмил диҳанд;

–       фарҳанги муколама ва таҳаммулпазириро ҳамчун меъёри муносибатҳои ҷамъиятӣ қабул намоянд;

–       дар муқобили ифротгароӣ, терроризм, радикализм ва ҳама гуна идеологияҳои тундгаро мавқеи устувори шаҳрвандӣ дошта бошанд;

–       аз имкониятҳои технологияҳои иттилоотӣ барои тарғиби арзишҳои сулҳ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ истифода баранд;

–       дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва татбиқи ташаббусҳои сулҳофарин иштироки фаъол дошта бошанд;

–       фарҳанги эҳтиром ба ҳуқуқи инсон, гуногунандешӣ ва масъулияти шаҳрвандиро дар муҳити иҷтимоӣ густариш диҳанд.

Қабули ин қатънома  нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун иштирокчии фаъол ва масъули ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ташаккули рӯзномаи байналмилалӣ саҳми назаррас мегузорад. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои об, иқлим ва ҳоло таҳкими сулҳ аз он шаҳодат медиҳанд, ки сиёсати хориҷии кишвар на ба рақобати геополитикӣ, балки ба пешниҳоди роҳҳои ҳалли муштарак барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ нигаронида шудааст. Ин равиш ба принсипҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва манфиатҳои умумии инсоният комилан мувофиқ мебошад.

Хулоса, қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» аз ҷумлаи он санадҳои байналмилалӣ мебошад, ки аҳамияти он танҳо бо қабули расмӣ маҳдуд намешавад. Арзиши воқеии он дар он аст, ки метавонад муносибати ҷомеаи ҷаҳониро нисбат ба масъалаи сулҳ тағйир диҳад ва фарҳанги нави ҳамкории байналмилалиро дар ин самт ташаккул дода бошад.

Барои Тоҷикистон ин қатънома идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарварона ва таҷассуми таҷрибаи нодири Ваҳдати миллӣ мебошад. Барои ҷомеаи ҷаҳонӣ бошад, он даъватест ба ҳамгироӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти муштарак дар назди инсоният аст.

Комилзода Мирзокомил –  сиёсатшинос, омӯзгори кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like