Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» – маҳсули дипломатияи фаъол ва ташаббусҳои глобалии Пешвои миллат
Дар арафаи ҷашни фархундаи Рӯзи ваҳдати миллӣ санаи 25 июни соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи махсусро зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул намуд, ки аз эътирофи ҷаҳонии сиёсати сулҳҷӯёнаи давлати мо гувоҳӣ медиҳад. Мувофиқи ин санад, солҳои 2027-2036 Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ эълон гардид. Ин рӯйдоди муҳим боз як нишони возеҳи дипломатияи фаъоли Тоҷикистон ва нақши сулҳофариву ваҳдатпарвари миллати мо таҳти сарварии Пешвои миллат дар сатҳи сайёра мебошад.
Қабули ин қатънома дар шароити кунунии ҷаҳон, ки миллионҳо нафар мардуми осоишта дар минтақаҳои гуногун ба хавфу таҳдидҳои амниятӣ ва ҷангҳои хонумонсӯз дучор мебошанд, иқдоме ниҳоят саривақтӣ ва зарурӣ маҳсуб
меёбад. Ин ташаббус аз сӯи роҳбари давлате пешниҳод шуд, ки мардумаш даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта аз сар гузаронидаанд, ба қадри сулҳу оромӣ мерасанд ва сабақҳои талхи он фоҷиаро ҳаргиз фаромӯш намекунанд.
Қатъномаи мазкур ҳадафҳои зеринро пайгирӣ менамояд:
– Таҳкими фарҳанги сулҳ, яъне мусоидат ҷиҳати пешгирии низоъҳо, тақвияти таҳаммулгароӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ;
– Таомули миёни наслҳо, яъне дастгирии муколама ва таомул миёни кӯдакон, ҷавонон ва пиронсолон бо назардошти манфиатҳои наслҳои оянда дар равандҳои қабули қарорҳо;
– Эътирофи таҷрибаҳои миллӣ, яъне истиқболи саҳми давлатҳо ва роҳбароне, ки тавассути чораҳои эътимодбахш ва ваҳдати иҷтимоӣ ба оштӣ ва сулҳ ноил шудаанд.
Чи тавре ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми шодбошии худ таъкид доштанд: «Сулҳ танҳо набудани ҷанг нест. Сулҳ фарҳанг аст. Сулҳ масъулият аст. Сулҳ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст».
Мавзӯи сулҳ барои халқи тоҷик танҳо як шиор ё масъалаи рӯзномаи байналмилалӣ нест. Мардуми мо меросдори тамаддуни бостонии ориёӣ буда, дар тӯли таърих арзишҳои ҳамзистии осоиштаро ҳифз намудаанд. Шоҳиди ин гуфтаҳо қабули қатъномаи «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ» дар ЮНЕСКО мебошад, ки соли гузашта бо ибтикори кишвари мо сурат гирифт.
Имрӯз, ки мо дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорем, хуб дарк мекунем, ки сулҳу суботи комили сиёсӣ ба осонӣ ба даст наомадааст. Хишти аввали ин бинои муқаддас ҳанӯз дар Иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олӣ гузошта шуда буд. Маҳз ба баракати ин сулҳу ваҳдат мо тавонистем иқтисодиётро рушд диҳем, илму маориф ва тандурустиро пеш барем ва дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ, мисли рӯзномаи об ва ҳифзи пиряхҳо, нақши пешсаф дошта бошем.
Дар шароити пурихтилофу зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазифаи аввалиндараҷаи мо баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати аҳли ҷомеа, хусусан наврасону ҷавонон мебошад. Мо бояд ба омӯзиши технологияҳои муосир, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир намоем, зеро маърифат муҳимтарин роҳи пешгирии ҷаҳолату хурофот ва таҳкими амният аст.
Арзёбии рӯйдоди таърихии 25 июни соли 2026 дар Маҷмаи Умумии СММ собит месозад, ки қабули қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» пеш аз ҳама маҳсули хиради азалӣ, таҷрибаи бойи давлатдорӣ ва ташаббускории глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Хизматҳои таърихии Роҳбари давлати моро дар ин самт метавон ба чанд ҷанбаи муҳимми илмию сиёсӣ ҷудо намуд:
1. Ташаббускори ғоявӣ ва саривақтӣ: Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иқдомро ба сомиаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароите пешниҳод намуданд, ки сайёраи мо беш аз ҳарвақта ба буҳронҳои амиқи амниятӣ ва ҷангҳои хонумонсӯз рӯбарӯ аст. Ин пешниҳод нишон медиҳад, ки Роҳбари Тоҷикистон на танҳо ба сарнавишти кишвари худ, балки ба ояндаи тамоми башарият бо ҳисси баланди масъулият назар мекунанд
2. Табдил додани таҷрибаи сулҳи тоҷикон ба мактаби байналмилалӣ: Ибтикори мазкур аз нақши сулҳофару ваҳдатпарвари миллати тоҷик сарчашма мегирад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлате, ки мардумаш фоҷиаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар кардаанд, формулаи муваффақи оштии миллиро таҳия намуданд. Имрӯз ин таҷрибаи нодири миллӣ тавассути қатъномаи СММ ҳамчун манбаи арзишманди илҳомбахшӣ ва модел барои дигар кишварҳои низоъзадаи ҷаҳон эътироф гардид.
3. Муайян намудани фалсафаи нави сулҳ барои наслҳои оянда: Хизмати бузурги илмию назариявии Пешвои миллат дар он аст, ки мафҳуми сулҳро аз доираи маҳдуди «набудани ҷанг» берун бароварда, онро ҳамчун як феномени фарҳангӣ ва иҷтимоӣ муаррифӣ намуданд. Чи тавре ки дар паёми шодбошии Роҳбари давлат омадааст, сулҳ ин масъулият, эҳтиром ба шаъну шарафи инсон ва таъмини адолату имкониятҳои баробар мебошад. Маҳз ҳамин дидгоҳи стратегӣ асоси матни қатъномаи СММ-ро ташкил дод, ки солҳои 2027–2036-ро ҳамчун даҳсолаи махсус эълон кард.
4. Мустаҳкам намудани мавқеи геополитикии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: Қабул шудани ин санад боз як бори дигар собит намуд, ки таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз як кишвари гирифтори низоъ ба як маркази тавлидкунанда ва содиркунандаи сулҳу ташаббусҳои глобалӣ дар ҷаҳон табдил ёфтааст. Ин санади СММ инчунин саъю кӯшишҳои Тоҷикистонро дар амри ҳалли мусолиматомези масъалаҳои сарҳадӣ дар Осиёи Марказӣ ситоиш мекунад, ки ин бевосита натиҷаи сиёсати «дарҳои кушод» ва ҳамсоягии неки Пешвои миллат мебошад.
Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», бешубҳа ба густариши фарҳанги сулҳ ва бунёди ҷаҳони амну осуда барои наслҳои имрӯзу оянда мусоидат хоҳад намуд. Ин қатъномаи таърихии СММ бори дигар исбот менамояд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи нави ҷаҳонӣ ҳамчун сиёсатмадори сатҳи глобалӣ ва меъмори сулҳу ваҳдат шинохта шудаанд. Хизмати таърихии Сарвари давлат дар он арзёбӣ мешавад, ки эшон тавонистанд ормонҳои сулҳҷӯёнаи аҷдодони кадимии моро, ки аз «Устувонаи Куруши Кабир» сарчашма мегиранд, дар асри XXI ба як рӯзномаи расмии созмони калонтарини сайёра – Созмони Милали Муттаҳид табдил диҳанд!
Нӯъмонҷон Ғаффорӣ,мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ, д.и. т., профессор