«ҶОЙГОҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИЗОМИ НАВИ МУНОСИБАТҲОИ МИНТАҚАВИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ: ТАҲДИДҲО, ИМКОНИЯТҲО ВА ДУРНАМОИ ҲАМГИРОӢ»

Таҳти чунин унвон 5 июни соли 2026 бо ташаббуси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар Маркази таҳлилии равандҳои сиёсии ҳамгироӣ ва дипломатияи донишгоҳи мазкур семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Ҳадафи асосии чорабинӣ баррасӣ ва таҳлили ҷойгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми нави муносибатҳои минтақавии Осиёи Марказӣ, муайян намудани таҳдидҳо ва имкониятҳои мавҷуда дар раванди ҳамгироии минтақавӣ, инчунин арзёбии дурнамои рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятии кишварҳои минтақа буд.
Дар қисми ифтитоҳии семинар муовини ректор оид ба корҳои таълими Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Фазлиддинзода Дониш Фазлиддин ва ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафарзода Даврон Ҷурахон суханронӣ намуда, аҳаммияти таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва омӯзиши ҳамаҷонибаи равандҳои муосири минтақавиро таъкид карданд.
Дар кори семинар ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Одиназода Фирдавс Ҷалил, мудири кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва молиявии факултети ҳуқуқшиносии Академия, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Рустамзода Ҷумабек Юнус, инчунин намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ҳайати профессорону омӯзгорон, муҳаққиқон ва магистрантон иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ як қатор маърузаҳои илмӣ вобаста ба масъалаҳои мубрами муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳамгироии минтақавӣ пешниҳод гардиданд. Аз ҷумла, Шарипов Амриддин Нуридинович дар мавзуи «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳамгироии минтақавӣ: нақш дар таъмини амният ва рушди ҳамкории Осиёи Марказӣ», Наимӣ Исмоил Нурулло дар мавзуи «Осиёи Марказӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ: таърих, вазъи кунунӣ ва дурнамо», Яқубов Ҷумъа Калонович дар мавзуи «Неруи нарм ҳамчун омили таҳкимбахши мавқеи геополитикии Тоҷикистон дар низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ» ва Насридинзода Меъроҷиддин Насридин дар мавзуи «Манфиатҳои геополитикӣ ва геоиқтисодии Федератсияи Россия дар минтақаи Осиёи Марказӣ» маъруза намуданд.
Дар ҷараёни семинар масъалаҳои марбут ба таҳаввулоти геополитикии минтақа, нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими амният ва суботи минтақавӣ, рушди ҳамкориҳои иқтисодиву сиёсӣ, таъсири омилҳои байналмилалӣ ба равандҳои ҳамгироӣ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатӣ дар Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.
Семинари илмӣ-назариявӣ дар фазои созандаи илмӣ ва мубодилаи афкор баргузор гардида, дар анҷоми он иштирокчиён доир ба масъалаҳои матраҳшуда мубоҳисаҳои судманд анҷом дода, ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, рушди дипломатияи муосир ва густариши таҳқиқоти илмӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ пешниҳодҳои мушаххас иброз намуданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

You might also like