Маърифати сиёсӣ ва худогоҳиву худшиносии миллии ҷавонон

Дар шароити дигаргунсозиҳои ҷаҳонӣ муқаррар кардани меъёрҳои муносибат нисбат ба қишрҳои муайяни ҷомеа, бахусус ҷавонон, ки ояндасозанд, тақозои замон баҳисоб меравад. Зеро Тоҷикистони азиз кишвари ҷавон буда, ҳиссаи бештари аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳад ва муайян намудани ҷанбаъҳои фаъолият ва дурномо нисбат ба ҷавонон мувофиқи мақсад аст.
Яке аз ҷиддитарин баҳсҳои ҷории ҷомеаи мо баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, худшиносии миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ дар шуур ва тафаккури мардум, бахусус насли наврасу ҷавонон мебошад. Масъалаи маърифати сиёсӣ ва худшиносии миллии ҷавонон дар раванди таҳкими ваҳдату ягонагӣ ва истиқлолияти кишварамон саҳми арзандае дорад.
Маърифати сиёсӣ дар муносибатҳои байниҳамдигарии одамон, гурӯҳҳо ва умумиятҳои иҷтимоию сиёсӣ гуногун сурат мегирад. Ба ҳисоб нагирифтани арзишҳо ва рӯовариҳои сиёсӣ, ки хоси умумиятҳои сиёсӣ ва фардҳои алоҳида мебошад, метавонад сабаби халалдор гардидани инкишофи мутаассили ҷомеа гардад. Масалан, як гурӯҳи ҷавонон дар натиҷаи сатҳи пасти фарҳанг ва худшиносии хеш ба корҳои номатлуб даст мезананд. Онҳо заифии худро ҳис намуда, роҳу воситаи осони масъаларо меҷӯянд, чунки эшон дорои дониши кофии сиёсӣ набуда, ба ақлу хирад ва мавқеи ҷамъиятии худ боварӣ надоранд. Аз ин рӯ, қурбони амалҳои номатлуби худ дар ҷомеаи пуртпечутоб мегарданд. Ба монанди нашъамандӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва шомил гардидан ба гурӯҳҳое, ки амният ва солимии ҷомеаи моро халалдор месозанд.

Айни замон гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва дастгир шудану маҳкум гардидани бархе аз онҳо ҳодисаи ташвишовари ҷомеа маҳсуб меёбад.
Бо вуҷуди он, бемасъулиятӣ ва риоя накардани муқаррароти Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ҷониби гурўҳи муайяни шаҳрвандон эҳсос мегардад.
Аз ин рӯ, омилҳои зикргардида воситаҳои асосии заифгардии меъёри ватандӯстӣ худшиносии миллӣ ва маърифати сиёсии ҷавонони кишварамон гардидааст. Ватандӯстӣ аз андешаи миллӣ ва ҷузъиёти инфиродӣ бунёд ёфта, дар маҷмӯъ худшиносии миллиро ташкил медиҳад. Худшиносии миллӣ ҳамеша аз худшиносии инфиродӣ замина мегирад. Баъди истиқлолияти давлатӣ бори нахуст дар таърихи тоҷикон замимаи воқеии рушди фарҳанги нави сиёсӣ ва худшиносии аслии миллӣ ба вуҷуд омад. Шарти асосии бақои миллату давлату ватан ва халқ ваҳдат, худшиносии миллӣ, ифтихор аз ин арзишҳост.
Худшиносии миллӣ ва ҳифзи хотираи таърихӣ, бузургдошти забон ва мероси фарҳангӣ бояд ба он равона карда шавад, ки симои миллат, суннатҳои давлатдорӣ ва расму оинҳои аҷдодӣ ҳарчӣ бештар ташаккул ёбанд. Таҷлили ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700 – солагии шаҳри бостонии Кӯлоб, ҳазораи «Шоҳномаи»-и безаволи Фирдавсӣ, 1000-солагии Носири Хисрав, 650 – солагии шоир ва орифи шаҳир Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, 675-солагии классики назми форсу тоҷик, ғазалсарои бузурги машриқзамин Камоли Хуҷандӣ, соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ, 800- солагии Ҷалолиддини Румӣ, 1150-солагии поягузори адабиёти форсу тоҷик Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 100-солагии зодрӯзи академик Б.Ғафуров, 1310-солагии Имоми Аъзам (Абӯҳанифа) нишонаи дурахшони эҳтиром гузоштан ба таърихи тайкардаи миллат, бузургдошти шахсиятҳои оламшумули илмӣ ва фарҳангӣ ба шумор меравад.
«Забон дар ҳақиқат асоси ҳастӣ ва бақои умри миллат аст» (1) – таъкид кардаанд Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо аҳли зиёиёни мамлакат: «Ифтихор аз ватану ватандорӣ, таъриху фарҳанг, ифтихор аз миллат ва ҳувияти миллат афзалтар аз ҳама дар поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ифода меёбад. Таърих гувоҳ аст, ки баъди гум кардани забони модарӣ давлат низ дер ё зуд тафаккур ва ҳатто давлату давлатдории миллии худро аз даст дода, забон ва унсурҳои фарҳанги бегонаро мепазиранд. Дар ҳамин замина Сарвари давлат ба рушди забони давлатӣ диққати махсус медиҳанд. Забони асосии адабиёти бадеӣ ва илмӣ, нашриётҳо, васоити ахбори омма тоҷикӣ бошад ҳам, фаъолияти забонҳои ўзбекӣ, русӣ ва ғайра манъ карда намешавад. Онҳо озодона амал мекунанд. Такмили таълим ва омўзиши забонҳои англисӣ, русӣ ва ғайра қабл аз ҳама аз он ҷиҳат зарур аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вусъати робитахои байналхалкӣ, ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар, ҳамгироӣ бо фазои ягонаи таҳсилот манфиатдор аст. Сатҳи қунунии технологияи иттиллоотию коммуникатсионӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоӣ, муносибатҳои нави муоширати инсониро тоқозо дорад, ки дар ин раванд забон мақоми махсусро ишғол менамояд.

Фармони Президенти кишвар аз 4 апрели соли 2003 «Дар бораи такмили таълим ва омўзиши забонхои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сиёсати давлатиро дар боби забономўзӣ муайян намуд. Дар иртибот ба ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоиҷкистон бо қарори худ аз 2 декабри соли 2003 «Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004- 2014»-ро кабул намуд. Мутобиқи барномаи мазкур миқдори соатҳо барои омўзиши забони русӣ аз 22 то 25 соат дар як ҳафта зиёд карда шуда, барои мактабҳои тахсилоти умумӣ барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ аз фанҳои «Забони англисӣ» ва «Забони русӣ» таҳия гардиданд.
Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» аз 13 марти соли 1992, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 1997 «Дар бораи тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон» ва дар ҳамин замина таъсис дода шудани Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул гардидани Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон» барои солҳои 1999-2000 (5 октябри соли 1998), Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2001-2003» (соли 2001), таъсис додани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ (20 марти соли 1998), Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъсиси стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омўзишгоҳҳои касбӣ – техникӣ, техникумҳо ва коллективҳо» (26 феврали соли 1998), баъди танаффуси сесола боз аз нав эҳё шудани рўзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» (23 феврали соли 1998), 23 май эълон гардидани Рўзи Ҷавонони Тоҷикистон, доир гаштани фестивалҳои ҳамасолаи дўстии ҷавонон – соли 1997 дар вилояти Суғд, соли 2000 дар Бадахшон, соли 2001 дар шаҳри Душанбе, соли 2002 дар вилояти Хатлон, соли 2003 фестивали дўстии ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон, соли 2004 дар шаҳри Душанбе, соли 2004 фестивали дуюми дўстии ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, соли 2005 дар вилояти Бадахшон, соли 2006 дар шаҳри Душанбе, соли 2007 дар вилояти Суғд шаҳодати раднопазири дар солҳои истиқлолият ба амал омадани тағйироти куллӣ дар ҳаёти ҷавонони кишвар мебошанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриҳои чандинкаратаи худ бо ҷавонон: -2 феврали соли 1993, 4 сентябри соли 1993 ба муносибати дуввумин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон, 17 марти соли 1994 дар нахустанҷумани Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон, 23 майи соли 1997, қабл аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, 16 майи соли 1998 вохӯрӣ бо ҷавонони лаёқатманди ҷумҳурӣ, 21 майи соли 2005 вохӯрии навбати бо ҷавонони ҷумҳурӣ, 30 августи соли 2005 вохӯрӣ бо ҷавонони фаъол ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси вилояти Суғд дар варзишгоҳи Хуррамшаҳри шаҳри Хуҷанд муҳимтарин муаммову проблемаҳои ҳаёти ҷавононро баррасӣ намуданд. Ин вохӯриҳо рамзи ояндасозиву ояндабинӣ ва дарки рисолати баланди ҷомеашиносӣ, инсонгароӣ ва худшиносиву худогоҳии ҷавонони кишвар гардид.
Ҷавонони кишвар аз ҳар вохӯриву мулоқотҳои бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, баргузоргардида барои худ сабақи судманд гирифтаву дар роҳи ба ҳаёт татбиқ намудани он ҳамеша садоқату фидокорӣ зоҳир мекунанд, ки мо онро дар мисоли ҳаёти ҷавонони вилояти Суғд бо рӯшанӣ ҳис мекунем.
Тайи солҳои охир дар вилояти Суғд бо ташаббуси ҷавонон чорабиниҳои мухталифи сиёсиву фарҳангӣ, оммавию варзишӣ, маърифатию ахлоқӣ ва илмию маданӣ аз қабили Фестивали ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд (соли 1997), Фестивали дӯстии ҷавонони гуногуни манотиқи кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон (соли 2003), Форуми ҷавонони вилоят таҳти унвони «Ҷавонон зидди нашъамандӣ», Форуми ҷавонони вилоят доир ба тарбияи ватанпарастии ҷавонон, озмунҳои вилоятии шашмакомсароёни ҷавон, шабҳои эҷодии шоирону нависандагони ҷавон, конфронси илмии ҳамасолаи олимон ва муҳаққиқони ҷавони вилоят, таъсиси маҳфили мубоҳисавӣ – сиёсии ҷавонони вилоят, намоиши маҳсули рассомони ҷавони вилоят, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, дар вилоят «Ҳафтаи ҷавонон», «Даҳ рӯзи ҷавонон», «15-Рӯзи ҷавонӣ», таъсиси махфилҳои «Сарбози оянда», «Адиби ҷавон», Стипендиатҳо, Маркази пешгирии нашъамандӣ ва ВИЧ/СПИД «Майл», ихтиёриёни «Фурӯғ», қабули Барномаҳои рушди иҷтимоии ҷавонони вилоят барои солҳои 2004-2006, 2006-2009, тарбияи ватанпарастӣ барои солҳои 2007-2010 ва ғайра амалӣ карда шуд, ки нақши онҳо дар тарбияи хештаншиносиву худогоҳии ҷавонон беназир аст.

Ҷабборов Абдуқудус Абдуманонович
мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ

You might also like