Истиқлолият ва арзишҳои иқтисодии он

Таърихи давлату давлатдорӣ исбот намудааст, пояи истиқлолияти давлатиро рушди иқтисодиёт, густариши муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ки зербинои ҷомеа мебошанд, мустаҳкам менамояд. Маҳз истиқлолият, озодӣ имконият дод, ки мо низоми иқтисодие, ки тамаддуни имрўзи башарият пазируфтааст, интихоб намоем ва дар таъмини рушди усттувори он саъю кўшиш намоем. Агар истиқлолияти давлатӣ ба мо имконияти интихоби низоми иқтисоди бозории рў ба иҷтимоёит нигаронидашударо фароҳам оварда бошад, пас рушди пай дар пай ва устувори иҷтимою иқтисодие, ки дар ин давра ба даст омадааст, заминаҳои истиқлолияти давлатиро ғанӣ гардонидааст. Зеро дарки зарурати истиқлолияти давлатӣ ниҳояти кор истиқлолияти миллӣ, мардумӣ ва ҳамзамон истиқлолияти ҳар як фарди тоҷикистониро рўи кор оварда амалигардии манфиатҳо, орзуву ормоноҳои деринаи мардуми тоҷик тадриҷан амалӣ шуда истодааст.
Чи тавре, ки ба ҳамагон маъмул аст, баъди эълони соҳибистиқлолии давлат иқтисодиёти мамлакат бо бўҳрони низомӣ, трансформатсионӣ рў ба рў шуда таназулл суръат мегирифт. Сабаби асосии ин таназуллро давраи гузариш аз низоми иқтисодии маъмурӣ – фармондиҳӣ ба низоми иқтисодии бозорӣ боис гашта буд. Давраи гузариш барои давлати навини мо хеле сангин гузашт, мо пеш аз ҳама аз низоми иқтисоди қаблӣ (то солҳои 90) тамоили поёнравии рушди иқтисодӣ ва иқтисодиёти нисбат ба дигар кишварҳои ИДМ заифро мерос гирифта будем. Илова бар ин. солҳои 1991-1922, зери таъсири нерўҳои бадхоҳи берунаву дохилӣ, ки мамлакатро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатиро фалаҷ гардонида буданд, раванди буҳрони иқтисодиро боз ҳам тезу тунд намуда иктисодиёти кишварро куллан хароб шуда буд. Агар соли 1991 истеҳсоли Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 1990 – 6 фоиз кам шуд бошад, пас соли 1992 якбора қариб 40 % поён рафта буд. Тамоми соҳаҳои иқтисодиёт тамоили поёнравӣ дошт. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ – 75%, маҳсулоти молҳои истеъмолӣ 72%, маҳсулоти кишоварзӣ – 72,9 % -и нишондиҳандаи соли 1991-ро ташкил дода буд. Умуман, кулли нишондиҳандаҳои иқтисодии соли 1992 яку якбора бо суръати «кайҳонӣ» поён рафт. Талафи иқтисодӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ беш аз 10 миллиардро ташкил додааст ва поён рафтани ММД дар бузургии беш аз 40% (дар солҳои 1991-1996) маҳз натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ мебошад. Дар давраи солҳои 1991-1996, агар сатҳи поёнравии миёнаи солонаи ММД-и воқеиӣ дар қаламрави ИДМ 9,4% – ро ташкил медод, аммо дар иқтисодиёти мамлакатамон ин сатҳи поёнравӣ 20-25 фоизро ташкил дода буд, ки ин натиҷаи нооромӣ ва ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ буд.
Ба хотир меорем, ки маҳз пас аз баргузоргардии Иҷлосияи 16-уми Шўрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рўи майдон омадани ҳукумати қонунӣ эътимоди мардум ва субъектҳои хоҷагидор барои фардои ҳаётӣ эҳё шуд. Дар ин давра оташбас эълон шуда бошад ҳам, аммо баҳсу мунозираҳои сиёси ва муқовиматҳои мусаллаҳонаи манотиқӣ арзи ҳастӣ мекард. Ин вазъият табиист, ки таваҷуҳи ҳукуматро аз вазифаҳои иҷтимоӣ-иқтисодиаш дур мекард. Аммо, вазъияти нисбатан ороми кишвар маҷрои инертсиониро дар эҳёи фаъолияти корхонаҳои қаблан аз кор монда мусоидат кард. Аз замони Иҷлосияи 16-ум то соли 1997 – Рўзи Ваҳдати миллӣ, давраи боздошти таназзули иқтисодӣ пайваста бо азхуд кардани баъзе аслҳои низоми нави иқтисодӣ – иқтисоди бозорӣ маҳсуб мешавад, ки чун замина барои рушди минбаъда хидмат кардааст. Тадбиқи амалии ҳадафҳо, бахусус ҳадафҳои заминасоз, ки дар ин давра муайяну таҳрезӣ шуда буд, кори осон набуд. Он замон вазифаи асосиро наҷоти миллат (зинда мондан), яъне интихоби амалиёти судмандро аз фазои ҷомеа, ки дар бўҳрони иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва сиёсӣ, таназзули иқтисодиёт қарор дошт, ташкил медод. Пас аз замони истиқрори сулҳи тоҷикон (1997) рушди нишондиҳандаҳои иқтисодӣ нисбат ба соли қаблӣ мушоҳида мешуд. Дараҷаи афзоиши солонаи МММ дар давраи солҳои 1996-1999 ба 3,5% баробар шуда сатҳи рушди  истеҳсоли ММД ба ҳар нафар аҳоли 1,6 фоизро ташкил дода буд. Ҳамин тариқ, солҳои 1997-1999 давраи ташакули фазои мусоиди сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ ва эҳёи рушди иқтисодӣ маҳсуб мешавад.
Пас аз соли 2000-ум бунёди заминаҳои ниҳодии рушд, ҳамҷун чузъи таркибии ислоҳоти иқтисодӣ сурат гирифта таъғирёбии мусбӣ дар иқтисодиёти мамлакат мунтазам рўи кор омад. Аз соли 2000 – ум арзёбии фаъолият ва натиҷаҳои иқтисодӣ бо асъори милли – сомонӣ сурат гирифта, сиёсати пуливу-қарзӣ ташаккулу рў ба рушд ниҳод ва иқтисодиёти кишвар ба тарҳи инкишофи устувор ворид гардид. Вазифаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии Ҳукумати Тоҷикистон мунтазам рўи майдон омада, якчанд стратегияҳои давлатии заминасозро қабул гардиданд ва ислоҳоти ҷиддии сохториро дар бахшҳои муҳими мамлакат, ба монанди низоми молиявӣ-қарзиву бонкӣ, соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ғ. ба анҷом расонида шуд.
Дар давраи солҳои 1997-2026 ҳаҷми ММД аз 518,4 млн сомонӣ то 153402,2 млн сомонӣ,  истеҳсоли он ба ҳар як нафар аҳолӣ бошад аз 89 сомонӣ то 14752,5 сомонӣ афзудааст.
Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки бисту панҷ сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад
Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.
Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳуввият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрўз ифтихор доранд, ки си сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.
Самараи неки истиқлол аст, ки имрўз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон – манбаи омўзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем.

Қурбонова Шоира Солиҷоновна

дотсенти кафедраи маркетинг – агробизнес

You might also like