Баргузории даври донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» дар ДДҲБСТ

04 майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» ташкил ва баргузор гардид.

Озмуни мазкур байни донишҷўёни фаъолу қобилиятноки ҳамаи тахассусҳои факултетҳои Донишгоҳ гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 40 нафар донишҷўён ширкат варзиданд.

Зимни сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Фурқат Ҳомидзода иброз кард, ки осори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари таърихи пурғановат ва пурифтихори миллати тоҷик, инъикосгари таърихи забону тамаддун, муаррифи фарҳанги бою ғании миллати тоҷдору куҳанбунёди мо мебошад. Мутолиаи ин асарҳо моро бо сарнавишти миллату давлат шинос намуда, талошу заҳматҳои халқи фарҳангсолор ва куҳантамаддуни тоҷикро барои аз даст надодани забону фарҳанги худ инъикос менамояд.

Бояд зикр намуд, ки озмун бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омўзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими Ваҳдати миллӣ, эъмори модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ ва ба ин васила дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, тақвияти қобилияти кордониву роҳбарӣ миёни қишри ҷавонони аҳолии кишвар, бахусус донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доир мегардад.

Ҳайати ҳакамони озмун донишу маҳорати донишҷӯёнро баҳогузорӣ намуда, ғолибонро муайян намуданд. Аз ҷониби онҳо чиҳати омодагии ҷиддӣ дар даври дуюми озмун тавсияҳои судманд дода шуд.

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” аз ҷониби раёсати Донишгоҳ қадршиносӣ хоҳанд шуд.

 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like