Паҳншавии терроризм ва экстремизм дар ҷомеаи ҷаҳони муосир ва муқовимат зидди ин падидаи номатлуб
Имрўз тамоми ҷомеаи ҷаҳон аз он ки терроризми байналмилалӣ, ҷудоиандозӣ ва зуҳуроти дигари экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва силоҳ, навъҳои дигари хатарноки ҷиноят, инчунин хиҷрати ғайриқонунӣ дар қаламрави на фақат давлатҳои алоҳида, балки минтақаҳои том беш аз пеш доман паҳн мекунад, ҷиддан ба ташвиш омадааст.
Ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ дар охири асри XX ва аввали XXI ба асри навин таҳдидҳои нав мекунад. Он хусусияти умумӣ пайдо карда, хам ба ҳар мамлакати алоҳида ва ҳам ба тамоми ҷомеаи ҷаҳон таҳдид дорад. Баробари ин таъкид кардан зарур аст, ки доираи зухуроти ҷинояткории муташаккилона пайваста васеъ мешавад. Мусаллам аст, ки мубориза алайҳи ин шарт бояд самти аввалини хамкории байналхалқӣ ва ҷидду ҷаҳди мувофиқшудаи мамлакатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ гардад.
Сарварон ва иштироккунандагони фаъоли ҷамъиятҳои ҷинояткорон ба сохаҳои ҳаётан муҳими иқтисодиёт ва сохторҳои молиявию бонкӣ таъсири манфӣ расонда, сармояҳои зиёди ғайриқонунӣ ба вуҷуд оварда, манфиатҳои худро дар сохторҳои қонунгузор, иҷроия ва идора ба мадди аввал гузошта, ба фаъолияти мақомоти давлатӣ cap медароранд ва бо хамин қабули қарорҳои барои худ манфиатбахшро таъмин мекунанд. Онҳо дар авҷ гирондани экстремизм, дар додани ихтилофоти сиёсию миллӣ ва минтақавӣ иштирок карда, бо роҳи террори ҷисмонию маънавӣ ба системаи ҳифзи тартиботу қонун беш аз пеш муқовимат нишон дода, хеле бисёр ҷавононро фосид карда, ба ҷинояткорӣ ҷалб менамоянд.
Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), ки вақтҳои охир хусусияти байналмилалӣ гирифтааст, бояд дар асоси тадбирҳои маҷмўи умумидавлатии муқовимат анҷом дода шавад.
Ба андешаи мо, ҷой доштани содиршавии ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта, дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки омилҳои барангехтани кинаву адовати миллӣ, маҳаллӣ, динӣ ҳоло дар ҷомеаи мо ҷой доранд. Аз ин рў, ошкор ва бартараф карда шудани онҳо на танҳо вазифаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, балки вазифаи тамоми мақомотҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон мебошад.
Аз ин лиҳоз, тағрибу ташвиқоти қонунҳои ҷорӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, дарки амиқи равандҳои замони муосир вазифаҳое мебошанд, ки фазои сулҳу оромӣ, осудагӣ ва амнияти ҳаёти ҷомеаро тамин хоҳанд кард.
Мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои трансмиллӣ бе ҳамкории байналмиллалӣ ғайриимкон аст. Бо ин мақсад Тоҷикистон ҳамчун аъзои Созмони миллали Мутаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай ҳамаи ўҳдадориҳои худро вобаста ба аъзогӣ дар ин созмонҳо иҷро карда истодааст.
Вобаста ба муқовимат ва пешгирии терроризм, ҷудоихоҳӣ ва экстремизм Тоҷикистон санадҳои зерини ҳуқуқии байналмилалиро ратификатсия кардааст:
1.Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид (минбаъд СММ) дар бораи ҷиноятҳо ва дигар кирдорҳое, ки дар дохили ҳавопаймо содир мегарданд, соли 1963;
- Конвенсияи СММ «Оид ба рафъи тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ» аз 21 декабри соли 1965;
- Конвенсияи СММ дар бораи мубориза ба муқобили ғасби ғайриқонунии киштиҳои ҳавоӣ, аз 16 декабри соли 1970;
- Конвенсияи СММ дар бораи мубориза бо аъмоли ғайриқонунӣ бар зидди амнияти авиатсияи гражданӣ, аз 23 сентябри соли 1971;
- Конвенсияи СММ дар бораи пешгирӣ ва ҷазои ҷиноятӣ ба муқобили ашхосе, ки дорои ҳимояи байналхалқӣ мебошанд, аз ҷумла агентҳои дипломатӣ, аз 14 декабри соли 1973;
- Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи мубориза бо гаравгонгирӣ, соли 1979;
- Конвенсияи СММ дар бораи ҳимояи физикии маводи ядроӣ, соли 1980;
- Протокол дар бораи мубориза бар зидди зўроварии ғайриқонунӣ дар фурудгоҳҳое, ки авиатсияи граждании байналмилалиро хизмат мерасонанд, соли 1988;
- Конвенсияи СММ дар бораи мубориза ба муқобили кирдорҳои ғайриқонунӣ, ки бар зидди амнияти киштигардии баҳрӣ равонагардида, соли 1988;
- Протокол оид ба мубориза бо кирдорҳои ғайриқонунии бар зидди амнияти платформаи статсионарии дар шелфи континенталӣ ҷойгирбуда равонагардида, соли 1988;
- Конвенсияи дар бораи нишонгузории моддаҳои таркандаи пластикӣ бо мақсади ошкор намудани онҳо, соли 1991;
- Конвенсияи СММ дар бораи мубориза бо терроризми бомбавӣ, аз 16 декабри соли 1997;
- Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи мубориза бо маблағгузории терроризм, аз 09 декабри соли 1999;
- Конвенсияи СММ зидди ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, аз 8 ноябри соли 2000;
- Конвенсияи Шанхай оид ба мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм, аз 5 сентябри соли 2003.
Конвенсияҳои дар боло қайд шуда дар шаклхои гуногун амалӣ мегарданд.
Ахмедов Н.И., устоди ДДҲБСТ