ТАЪСИСИ МАРКАЗИ РУШДИ КАСБИЯТИ КАФЕДРАИ СИЁСАТШИНОСИИ ДДҲБСТ ДАР КИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД

Дар доираи таҳкими ҳамкориҳои илмиву амалӣ ва рушди малакаҳои касбии донишҷӯён, дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маркази рушди касбияти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Маркази мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии донишҷӯён, омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат, инчунин тақвияти робитаи байни муассисаи таҳсилоти олӣ ва сохторҳои давлатӣ фаъолият хоҳад кард.
Зимни ифтитоҳи марказ зикр гардид, ки чунин иқдом барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати гузаронидани машғулиятҳои амалӣ, ташкили семинару тренингҳо, вохӯриҳо бо мутахассисони соҳа ва иштироки донишҷӯён дар равандҳои воқеии сиёсӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки таъсиси Маркази рушди касбият як қадами муҳим дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба рушди маориф ва илм буда, барои тарбияи кадрҳои баландихтисос ва худогоҳ заминаи устувор мегузорад.
Интизор меравад, ки фаъолияти марказ дар оянда ба баланд гардидани сифати таълим, рушди қобилиятҳои таҳлилӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии сиёсӣ миёни ҷавонон мусоидати назаррас хоҳад намуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like