Иштироки донишҷӯёни Донишгоҳ дар Форуми байналмилалӣ
Аз 29 марти соли 2026 се нафар донишҷӯи факултети технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар Форуми анъанавии байналмилалии донишҷӯён таҳти унвони “First International Students Forum”, ки дар Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд ба номи Муҳаммад Ал-Хоразмии Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад, фаъолона иштирок доранд. Форуми мазкур то 5 апрели соли равон идома меёбад.
Дар доираи ин ҳамоиши бонуфуз донишҷӯён — Ҳалимов Достон, Ҳомидов Руслан ва Аюбов Комронбек таҳти роҳбарии сардори раёсати ҳамкориҳои стратегӣ ва байналмилалӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарипов Комилҷон намояндагии Донишгоҳро ба зимма доранд.
Иштироки фаъолонаи намояндагони Донишгоҳ дар чунин чорабинии сатҳи баланд идомаи мантиқии сиёсати густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Заминаи ҳуқуқии ин ҳамкориҳо дар доираи Форуми дуюми ректорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузошта шуда, имрӯз натиҷаҳои назаррас ба бор оварда истодааст.
Қобили зикр аст, ки тайи ду соли охир 13 нафар донишҷӯёни Донишгоҳ дар барномаҳои табодули академӣ иштирок намуда, донишу малакаҳои худро дар самтҳои калидӣ, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ ба таври назаррас такмил додаанд.
Иштирок дар чунин форумҳои байналмилалӣ ба рушди ҷаҳонбинии илмии донишҷӯён, таҳкими робитаҳои академӣ ва баланд бардоштани иқтидори касбии онҳо мусоидат менамояд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа





