Оғози мусобиқаи варзишии кушоди  ҷумҳуриявӣ дар ДДҲБСТ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду оммавигардонии соҳаи варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбӣ тадбирҳои амалӣ меандешад. Дар доираи ин тадбирҳо зимни сафари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд, бо иштироки ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва  робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба  истифода додани толори варзишӣ  бо 400 ҷойи нишаст дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон барои боз ҳам беҳтар машқу тамрин намудани донишҷўён, баргузории чорабиниҳоли мухталифи варзишӣ шароити мусоид фароҳам гардид.

Имрўз, дар ин маҷмааи зебову замонавӣ мусобиқаи варзишии кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба намуди волейбол оғоз ёфт. Пас аз садо додани Суруди миллӣ ректори донишгоҳ профессор Муъмин Шарифзода чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, варзишгарону иштирокчиёни мусобиқаро хайрамақдам гуфт ва ташкили чорабинии сатхи ҷумҳуриявиро  иқдоми саривақтӣ ва манфиатбахш арзёбӣ намуд.

Раиси иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми вилояти Суғд Мусобек Миравотов ва мудири шуъбаи варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Фирдавс Фахриддинзода аз тадбирҳои амалинамуда ва пуштибониҳои  Ҳукумати мамлакат нисбат ба рушди соҳаи варзиш изҳорӣ хушҳолӣ карда, доир ба аҳамияту муҳимияти чорабинии имрўза, бахусус байни насли ҷавон ҳарф заданд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим барои тандурустии аҳли ҷомеа мусоидат менамояд.

Сипас, варзишгарону иштирокчиёни мусобиқаи варзишӣ, ки аз шаҳру ноҳияҳои кишварамон, ташриф оварда, дар маҷмўъ  18 дастаро ташкил доданд,  барои омодагӣ ба мусобиқа равон шуданд.

Натиҷаи мусобиқаҳо байни дастаҳо дар гузоришҳои баъдӣ пешниҳод карда мешавад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like