Густариши ҳамкориҳои ДДҲБСТ бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон

13 марти соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти унвони «Маорифи олӣ ва илми Тоҷикистон ва Ӯзбекистон: уфуқҳои нави ҳамкорӣ» баргузор гардид.
Форуми мазкур бо ташаббуси вазирони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардида, ҳамчун майдони муҳими муколамаи илмӣ ва академӣ барои густариши ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар арзёбӣ мешавад. Дар кори форум роҳбарони вазоратҳо, ректорони донишгоҳҳо, олимону коршиносони соҳаи маориф аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи форум зикр гардид, ки густариши ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи маорифи олӣ ва илм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати маорифии ҳар ду кишвар ба шумор меравад. Тавассути чунин ҳамоишҳо имконият фароҳам меояд, ки робитаҳои академӣ тақвият ёфта, табодули таҷрибаи илмӣ, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва таҳқиқотӣ, инчунин таҳкими фазои ягонаи таълимӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба марҳилаи нав ворид гардад.
Дар суханрониҳои худ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба аҳаммияти рушди ҳамкориҳои байнидонишгоҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таҷрибаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар таъсиси факултети муштарак бо шарикони хориҷӣ ва натиҷаҳои самарабахши он­ро махсус таъкид карданд. Ба гуфтаи онҳо, чунин таҷриба метавонад ҳамчун намунаи муваффақ барои тавсеаи ҳамкориҳои академӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар хизмат намояд.
Дар кори форуми мазкур ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шероз Мӯминзода ва сардори раёсати ҳамкориҳои стратегӣ ва байналмиллалӣ Комилҷон Шарипов иштирок намуданд. Дар суханронии худ Мӯминзода Ш. роҷеъ ба имкониятҳои рушди ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ, таъсиси барномаҳои муштараки таҳсилотӣ, табодули устодону донишҷӯён ва татбиқи лоиҳаҳои илмӣ миёни донишгоҳҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон андешаронӣ намуд.
Ҳамзамон дар доираи форум як қатор санадҳои муҳими ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Аз ҷумла, байни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва якчанд муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартномаҳои ҳамкорӣ ба тасвиб расиданд. Ба ҷумлаи онҳо Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ба номи Мирзо Улуғбек, Донишгоҳи давлатии технологияҳои иттилоотии Тошканд, Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳонии Ӯзбекистон ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошкент дохил мешаванд.
Имзои ин созишномаҳо барои густариши робитаҳои илмӣ ва академӣ, роҳандозии барномаҳои дуҷонибаи таҳсилотӣ, татбиқи таҳқиқоти муштарак, инчунин мубодилаи таҷриба байни устодону донишҷӯёни донишгоҳҳои ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин форумҳо дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон нақши муҳим дошта, ба рушди низоми муосири таҳсилоти олӣ, боло бурдани сифати таълим ва густариши фаъолияти илмӣ дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like