ДДҲБСТ: Баргузории конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони “Криминалистика ва нақши он дар таҳқиқ ва тафтиши ҷиноят”
27 феврали соли 2026 дар маҷлисгоҳи бинои таълимии №2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони «Криминалистика ва нақши он дар таҳқиқ ва тафтиши ҷиноят» бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олимону устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Ҳадафи асосии ҳамоиш таҳкими ҳамкории сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ бо муҳити илмӣ, баррасии масъалаҳои мубрами соҳаи криминалистика, такмили малакаи касбии мутахассисон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон арзёбӣ шуд. Конференсияи мазкур бо ибтикори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсияи факултети ҳуқуқшиносӣ доир гардид.
Конференсияро ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба иштирокчиён муаррифӣ кард. Ӯ зимни суханронӣ таъкид дошт, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳдидҳои муосир баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқӣ, тақвияти ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ миёни ҷавонон аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба шумор меравад. Зикр гардид, ки ҳамкории зичи олимон бо кормандони амалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонад дар пешгирӣ ва ошкорсозии ҷиноятҳо, таҳкими волоияти қонун ва таъмини суботу амнияти ҷомеа нақши муассир гузорад.
Тибқи барномаи конференсия як қатор коршиносони соҳа бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд. Сардори шуъбаи ташхиси криминалистии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Дилмурод Шодизода дар мавзуи «Ҳамкории муфаттиш бо эксперт ҳангоми таъин ва гузаронидани экспертиза» суханронӣ намуда, ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти муфаттиш ва коршинос, дуруст ба роҳ мондани таъини экспертиза ва аҳаммияти хулосаи экспертӣ дар раванди тафтишот таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Прокурор-криминалисти шуъбаи назорати тафтиши пешакӣ дар мақомоти Прокуратураи вилояти Суғд Амирҷон Ғафурзода дар мавзуи «Истифодаи техникаи криминалистӣ ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса» баромад намуда, нақши таҷҳизоти муосир ва усулҳои техникӣ-криминалистиро дар ҷамъоварӣ ва ҳифзи далелҳо муҳим арзёбӣ намуд.
Сармутахассиси филиали Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ-криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ғайрат Илҳомзода дар мавзуи «Таҳқиқи техникӣ-криминалистии ҳуҷҷат дар рафти таҳқиқ ва тафтиши ҷиноят» масъалаҳои ошкорсозии қалбакӣ будани ҳуҷҷатҳо, муайян намудани тағйирот дар санадҳо ва истифодаи методҳои муосири ташхисиро шарҳ дод.
Ҳамчунин, сарнозири шуъбаи муқовимат ба коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳамза Каримӣ дар мавзуи «Тарзу усулҳои ошкоркунии ҷиноятҳои гирифтану додани пора ва ришвадиҳии тиҷоратӣ» суханронӣ намуда, доир ба роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Дар идома, сардори кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии факултети 4-уми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Абдуллозода дар мавзуи «Хусусиятҳои хоси методикаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» иброз дошт, ки дар шароити муосир такмили усулҳои тафтишоти чунин ҷиноятҳо ва баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии кормандон аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.
Дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Иброҳим Ҷабборзода дар мавзуи «Таърихи пайдоиш ва марҳилаҳои рушди илми криминалистика дар Тоҷикистон» суханронӣ намуда, марҳилаҳои ташаккул ва рушди ин соҳаи илмро дар кишвар мавриди таҳлил қарор дод.
Зимни баромадҳо масъалаҳои марбут ба ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавонон, омилҳои асосии гаравиши онҳо ба гурӯҳҳои ифротгаро ва роҳҳои пешгирии чунин зуҳурот баррасӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки бо вуҷуди дастовардҳои назаррас дар самти таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, ҳанӯз ҳам ҳолатҳои қонуншиканӣ ва шомилшавӣ ба ҳаракатҳои экстремистӣ ба назар мерасанд, ки тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиро тақозо менамоянд.
Сипас, мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва мубориза бо коррупсия Ботурхӯҷа Қобилов меҳмононро ҷиҳати иштирок ба ҳамоиши мазкур шодбош намуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои донишҷӯён посухҳои мушаххас дода шуд. Кори конференсия тибқи барнома дар бахшҳои алоҳида идома ёфта, иштирокчиён маърӯзаҳои илмӣ ва пешниҳодҳои худро ироа намуданд.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмию амалӣ барои таҳкими робитаи илму амалия, такмили малакаи касбии кормандони соҳа ва тарбияи мутахассисони баландихтисос мусоидат менамояд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа



















