Ваҳдат, худшиносӣ ва пояҳои устувори давлатдории навини Тоҷикистон дар 35 соли соҳибистиқлолӣ

35 соли давлатдории навини Тоҷикистон барои миллати тоҷик марҳилаи тақдирсоз ва пурифтихор ба шумор меравад. Ин давра на танҳо саҳифаи муҳими таърихӣ, балки заминаи устувори бунёди ҷомеаи соҳибистиқлол, мутамаддин ва рӯ ба рушд мебошад.

Дар Паёми ахири худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои ин марҳилаи рушд баҳои муфассал дода, таъкид намуданд, ки дар ин солҳо таҳкурсии боэътимоди давлати соҳибистиқлол гузошта шуд. Харобиҳои даҳшатбори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо азму иродаи қавии мардум ва сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи роҳбарияти давлат бартараф гардида, марҳилаи нави созандагиву бунёдкорӣ оғоз ёфт.

Барномаи барқарорсозии хоҷагии халқ пайгирона амалӣ гардида, рушди минбаъдаи иқтисод ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ҳадафи меҳварӣ қарор гирифт. Нишондиҳандаҳои иқтисодӣ сол то сол боло рафта, ҳатто дар шароити буҳронҳои шадиди молиявии ҷаҳонӣ низ суботи иқтисодӣ таъмин карда шуд. Ин дастовардҳо нишон медиҳанд, ки роҳи интихобшуда дуруст ва дурбинона буд.

Таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ натиҷагирии мантиқии ин марҳила мегардад. Дар ин давра кишвари мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуда, ташаббусҳои байналмилалии он мавриди пуштибонӣ қарор гирифтанд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз давлати мо дар баробари кишварҳои абарқудрат дар Созмони Милали Муттаҳид як овози баробар дорад. Ин воқеият нишони истиқлоли воқеӣ ва мавқеи устувори байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Бо вуҷуди ин, роҳи истиқлол осон набуд. Ҷанги шаҳрвандӣ ҳамчун яке аз фоҷиабортарин саҳифаҳои таърихӣ ҳатто мавҷудияти давлатдорӣ ва ҳастии миллатро зери хатар гузошт. Аммо миллати тоҷик, ки аз азал фарҳанги сулҳдӯстӣ ва инсонпарвариро пос медорад, тавонист аз ин имтиҳони сангин сарбаландона гузарад. Ваҳдату ягонагӣ пояи асосии эҳёи давлатдорӣ гардид.

Имрӯз низ ҷомеа аз таҳдидҳои гуногун эмин нест. Ҷудоиандозӣ, иғвоангезӣ ва сӯистифода аз арзишҳои динӣ барои расидан ба ҳадафҳои ғаразнок аз ҷумлаи чунин хатарҳост. Таҷрибаи талхи солҳои 90-ум собит сохт, ки истифодаи шиорҳои динӣ барои барангехтани кинаву адоват ба Ислом ҳеҷ иртиботе надорад, балки аз ҷаҳолат ва ғаразмандиҳои гурӯҳҳои муайян сарчашма мегирад. Фаромӯш кардани он рӯзҳои фоҷиабор метавонад ҷомеаро дубора ба иштибоҳҳои хатарнок рӯ ба рӯ созад.

Дар шароити буҳронҳои сиёсию иқтисодии ҷаҳонӣ, низоъҳои минтақавӣ ва дахолати қудратҳои хориҷӣ ба корҳои дохилии давлатҳо, ҳушёрии сиёсӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ аҳамияти бештар касб менамояд. Ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирии сиёсати сулҳҷӯёнаи давлат кафили суботу амният ва рушди устувори кишвар мебошанд.

Муборизаҳои таърихии миллати тоҷик барои озодӣ, адолат ва худшиносӣ сабақи бузурге барои наслҳои имрӯз ва фардо аст. Худшиносӣ танҳо маънои фардиро надорад, балки дарки масъулияти инсон дар назди миллат, таърих ва башарият мебошад. Миллате, ки худро мешиносад, арзишҳои худро эҳтиром мекунад ва аз гузашта сабақ мегирад, метавонад ояндаи худро бо эътимод бунёд намояд.

Вазъи имрӯза аз ҳар яки мо масъулияти баланд тақозо мекунад. Таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, тарбияи насли худогоҳу ватандӯст, таҳаммулпазирӣ дар муносибат бо дигарон ва меҳнати содиқона барои ободии Ватан вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст. Танҳо дар сурати ваҳдату ҳамбастагӣ мо метавонем Тоҷикистонро ба кишвари боз ҳам пешрафта, обод ва шукуфон табдил диҳем.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа.

You might also like