Ифтитоҳи Маркази рушди касбияти кафедраи забонҳои хориҷӣ дар назди “Қалъаи Хуҷанд”
Бо мақсади густариши ҳамкориҳои илмию амалӣ ва таҳкими робитаҳо бо муассисаҳои илмиву таълимӣ, бо ибтикори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар заминаи муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дар шаҳри Хуҷанд Маркази рушди касбии кафедраи забонҳои хориҷӣ ифтитоҳ гардид.
Ифтитоҳи марказ қадами муҳим дар самти татбиқи амалии барномаҳои таълимии равияи тарҷумонӣ, аз ҷумла ихтисоси «Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ» ба шумор рафта, ба ҳамгироии донишҳои назариявӣ бо таҷрибаи амалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳадафи асосии марказ фароҳамсозии шароити мусоид барои такмили донишҳои назариявӣ ва амалии донишҷӯён, рушди маҳорати тарҷумонӣ, густариши қобилияти муоширати байнифарҳангӣ ва омодасозии онҳо ба фаъолияти касбӣ дар шароити воқеии корӣ мебошад.
Дар маросими ифтитоҳ ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода, омири кулли маҷмаа Иброҳимзода И.С., мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Сатторова М., декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ Саидзода Ш.Ш., мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ Эгамназаров Ҳ.Ҳ., омӯзгорону донишҷӯёни ихтисоси «Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ» ва дигар масъулон иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки таъсиси марказ дар самти омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои муосири таҳсилот аҳаммияти хосса дорад. Қайд карда шуд, ки таҷрибаомӯзии ҳадафманду босифат заминаи асосии ташаккули маҳорати гуфтор, фарҳанги нутқ, малакаҳои методӣ ва масъулияти касбии мутахассисони оянда мебошад.
Дар доираи фаъолияти марказ баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, вохӯриҳои байналмилалӣ, машғулиятҳои кушод, дарсҳои муштарак, мизҳои мудаввар ва тренингҳои такмили ихтисос ба нақша гирифта шудааст. Иқдоми мазкур барои таҳкими робитаи илму амал, баланд бардоштани масъулиятшиносӣ ва ташаккули малакаҳои касбии донишҷӯён мусоидат намуда, онҳоро барои ворид шудан ба бозори меҳнат омода месозад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа








