Ғолибияти донишҷӯи Донишгоҳ дар озмуни байналмилалӣ

Санаҳои 19–20 феврали соли 2026 дар шаҳри Астанаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар заминаи Astana IT University озмуни байналмилалӣ дар самти дройсинг ва авиамоделиронӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинии бонуфуз намояндагони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои гуногун иштирок намуда, маҳорати худро дар самти идоракунии бесарнишинҳо (дронҳо), тарҳрезӣ ва парвози моделҳои ҳавопаймоӣ ба намоиш гузоштанд.
Озмун бо мақсади рушди тафаккури муҳандисӣ, тақвияти малакаҳои амалӣ дар соҳаи технологияҳои муосир ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ миёни донишҷӯён роҳандозӣ гардида, иштирокчиён аз рӯйи чанд номинатсия – суръат ва дақиқии идоракунии дрон, тарҳи инноватсионии авиамодел ва иҷрои техникии парвоз байни ҳам рақобат намуданд.
Дар озмуни мазкур донишҷӯи курси якуми факултети технологияҳои иттилоотӣ ва баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Соҳибов Фозилбек таҳти роҳбарии дотсентони кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Хуҷамқулов Р.Б. ва Исмоилов Ш.М. иштирок намуда, бо нишон додани сатҳи баланди омодагии назариявӣ ва маҳорати амалӣ сазовори ҷойи дуюм гардид.
Ба гуфтаи роҳбарони илмӣ, омодасозии донишҷӯ барои ширкат дар чунин сатҳи байналмилалӣ натиҷаи пайваста татбиқ намудани донишҳои муосири технологӣ, машқҳои амалӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи омӯзгорон мебошад. Иштироки фаъол ва натиҷаи назарраси Соҳибов Фозилбек бори дигар аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷавонон ба соҳаҳои технологияҳои рақамӣ, робототехника ва авиамоделиронӣ шаҳодат медиҳад.
Қобили зикр аст, ки чунин озмунҳо барои табодули таҷриба, муаррифии иқтидори зеҳнии ҷавонон ва таҳкими мавқеи муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

    Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like