Баргузории маҷлиси тантанавӣ бахшида Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ДДҲБСТ
21 феврали соли 2026 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ таҳти унвони “Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан” бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарият ва намояндагони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, устодону донишҷӯёни Донишгоҳро бо Рӯзи Артиши миллӣ табрик намуданд.
Сипас, муовини ректор оид ба таълими ДДҲБСТ Дониш Фазлиддинзода иштирокчиёнро ба муносибати 33 – солагии таъсисёбии Артиши миллӣ шодбош гуфта, иброз дошт, боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯз дар остонаи 33-солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷамъ омадаем, то хизматчиёни содиқу далери Ватани азизамонро қадр намоем ва таърихи пуршарафи фаъолияти ин ниҳоди тавонои давлатӣ ва миллӣ, ки ҳамчун рукни асосии давлатдории мо ва сипари боэътимоди сулҳу субот дар Тоҷикистони соҳибистиқлол фаъолият мекунад, ёдовар намоем.
33 сол қабл, дар солҳои бисёр мушкил ва тақдирсоз барои давлат ва миллат, мардуми сарбаланди Тоҷикистон бо роҳнамоӣ ва матонату мардонагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қувваҳои мусаллаҳи кишварро таъсис доданд. Аз он замон то имрӯз Артиши миллӣ дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амният ва устувории давлатдории миллӣ саҳми муҳим гузоштааст.
Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ ба як сохтори боэътимод ва тавонои давлат табдил ёфта, дар ҳифзи марзу буми Тоҷикистон, таъмини амният, ҳифзи суботу оромии ҷомеа ва тартиботи ҷамъиятӣ нақши муассир мебозанд. Ҳукумати кишвар ҳамеша ҷиҳати тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар, омода кардани кадрҳои соҳибкасбу содиқ ба халқу Ватан ва таъмин бо техникаву лавозимоти пешрафтаи ҳарбӣ чораҳои амалӣ меандешад.
Дониш Фазлиддинзода илова кард, ки миллати тоҷик таърихан мардуми сулҳхоҳ, таҳаммулгаро ва ватандӯст буда, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ҳамеша яке аз омилҳои асосии устувории давлат ва пойдории Артиши миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо итминон гуфта метавонем, ки тарбияи насли ҷавон дар руҳияи садоқат ба Ватан, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва омодагӣ ба ҳимояи манфиатҳои давлату миллат вазифаи муқаддаси ҳар яки мост, илова намуд муовини ректор оид ба таълим.
Сипас, ғолибони як зумра мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ, ки ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни факултетҳои Донишгоҳ баргузор гардида буданд, бо Диплом ва маблағҳои пулии раёсати Донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд. Ҳамзамон ба кормандону устодоне, ки баҳри ҳифзи Ватан-Модар дар сафи Артиши миллӣ хизмат намудаанд, туҳфаҳои хотиравии раёсати Донишгоҳ тақдим карда шуд.
Барномаи рангини фарҳангиву фароғатӣ, ки муҳтавояш ватандӯстӣ ва хизмат ба он буд, ба чорабинии тантанавӣ ҳусни анҷом бахшид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа


































