ДДҲБСТ: Баргузории чорабинии ҳарбӣ-варзишӣ бахшида ба 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
20 феврали соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба муносибати 33-солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии ҳарбӣ-варзишӣ байни донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ баргузор гардид. Ҳадафи асосии ҳамоиш таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, боло бурдани омодагии ҷисмонӣ ва маънавии ҷавонон, инчунин омода намудани онҳо ба хизмати ҳарбӣ арзёбӣ шуд.
Дар оғози чорабинӣ муовини ректор оид ба таълим Дониш Фазлиддинзода иштирокчиёнро ба ифтихори ин санаи муҳими таърихӣ шодбош гуфта, таъкид намуд, ки таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар марҳилаи ҳассосу тақдирсози давлатдорӣ сурат гирифта, бо роҳнамоӣ ва иродаи қавии Эмомалӣ Раҳмон заминаи устувори ҳифзи истиқлолу тамомияти арзии кишвар гузошта шуд.
Қайд гардид, ки аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ то имрӯз Артиши миллӣ дар барқарорсозии сулҳу субот, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таъмини амнияти давлату ҷомеа нақши калидӣ бозида, ба як сипари боэътимоди давлатдории миллӣ табдил ёфтааст. Имрӯз хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ ҳамчун нерӯи қодир ва омодаи ҳифзи марзу буми Ватан, кафили амнияту осоиштагии сокинони мамлакат мебошанд.
Зимни суханронӣ ҳамчунин таъкид шуд, ки миллати тоҷик таърихан сулҳхоҳу фарҳангпарвар ва ватандӯст буда, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Дар руҳияи садоқат ба Ватан, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия намудани насли ҷавон вазифаи муҳими ҷомеа ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ арзёбӣ гардид.
Дар доираи чорабинӣ миёни донишҷӯён мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ аз рӯи шартҳои гуногун, аз ҷумла бо қадами сафӣ гузаштан, расонидани ёрии аввал ба ҷабрдида, вазнбардорӣ, ҳаво додани норинҷак, кашидани арғамчин, гӯштини камарбандӣ, дастхобонӣ ва ба қисмҳо ҷудо намудани силоҳи оташфишон баргузор гардиданд. Иштирокчиён сатҳи баланди омодагии ҷисмонӣ, маҳорати амалӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносиро нишон доданд.
Тибқи иттилоъ, чунин чорабиниҳо ҷиҳати ҷалби донишҷӯён ба мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ, таҳкими руҳияи ҳамбастагӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим мусоидат намуда, дар омода намудани ҷавонон ба хизмати содиқона ба Ватан нақши муассир доранд.
Дар анҷоми чорабинӣ зикр гардид, ки ғолибон ва фаъолон бо тӯҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ хоҳанд шуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа





































