Паёми Пешвои миллат —манбаи муҳими дастгирии ҷавонон

16 декабри соли 2025 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ як нуктаи бисёр муҳиму пурмуҳтаво ва созандаро барои ҷавонон иброз дошт, ки он дар тамоми сол таҳрикдиҳандаи ҷавонони кишвар хоҳад гардид.

Сарвари давлат дар Паёми худ иброз дошт, ки «Мо сиёсати давлатии кор бо ҷавононро ҳамчун самти калидӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намуда, барои самаранок амалӣ гардидани он аз тамоми имкониятҳо истифода карда истодаем.

Зеро ҷавонони мо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва мо бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии онҳо ифтихор мекунем».

Воқеан ин сухани Пешвои миллат бори дигар собит кард, ки Президенти кишвар муътакид бар он аст, ки ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузург ва созанда баҳри пешбурди ин сарзамин аз ҳама бештар саҳм гузошта метавонанд. Ҷавонони даҳсолаи охири асри гузашта ва давраи муосир чун насли нав дар ҷаҳонишавии ҷомеаи Тоҷикистони ҷадид азму ирода ва кӯшишу талошҳои роҳбарияти ҷумҳуриро дастгирӣ карда, барои обод кардани кишвари харобгашта, мустаҳкам шудани пояҳои ваҳдати миллӣ ва дар арсаи байналмилалӣ нуфузу эътибор пайдо кардани Тоҷикистони азиз бо амри виҷдон ва нангу номус миён бастанд.

То ин дам баҳри беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагиву фаъолияти ин қишри фаъоли иҷтимоӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо барнома ва тадбирҳои муҳимро барои ҷавонон таҳия ва пешниҳод намуд, ки бештари онҳо иҷрои худро пайдо намуда, баъзеи онҳо дар арафаи иҷро ва татбиқ қарор доранд. Ба веҷа, ибтикороти зиёдеро дар самти мактабу маориф, омӯзиши касбу ҳунар, варзишу фароғати ҷавонон қайд кардан бамаврид аст.

Бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад.

Мо ба ин масъалаи муҳим ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар даҳ соли охир 150 иншооти соҳаи фарҳангро сохта, ба истифода додем ва 350 иншооти дигари соҳаро таъмиру азнавсозӣ кардем.

Ҳамчунин, дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти соҳа – Театри миллиро бо шароиту имкониятҳои муосир бунёд карда истодаем, ки туҳфаи Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар ва аҳли фарҳангу ҳунар ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ мебошад.

Ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан ҷавонону наврасон аз ҷониби муассисаҳои соҳаи фарҳанг дар даҳ соли сипаригардида 900 номгӯй адабиёти бадеиву бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас карда шуд.

Дар ин давра бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон тӯҳфа карда шуд.

Мероси таърихиву фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад.

Оянда ва пешбарандаи ин давлату миллат маҳз ҷавонон мебошанд ва нигоҳдории он ба ҷавонон вобастагии амиқ дорад. Аз ҳамин рӯ, бо мақсади дарки ин масъулият, ҷавонони кишвар барои сазовор гаштан ба боварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли ҷорӣ дар бунёди коргоҳу корхонаҳои хурду бузург, нақбу роҳҳо, иншооти мухталифу муҳими иҷтимоию фарҳангӣ, чорабиниҳои варзишӣ дар дохили кишвар ва арсаи ҷаҳон ва ғайраҳо фаъолона иштирок намуда, дар барафрохтани Парчами давлатӣ ва рушди босуботи кишвар саҳми назаррас гузоштанд. Паёми Пешвои миллат ба ҷавонон чандин роҳу марҳилаҳои навро кушод, ки дар фаъолияти минбаъдаи онҳо нақши калидиро мебозад.

Дар ин замина, ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад. Зеро он ба ҷавонон имкон фароҳам меоварад, ки дар ҳама самтҳо, аз сиёсати давлатӣ то ба иқтисоду иҷтимоъ фаъолона ва бидуни ҳеҷ мамониат иштирок намоянд. Пешвои миллат зимни паёми табрикӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон қайд намуда буданд: “Ба хотири таҳким бахшидани робита миёни Президент ва ҷавонони мамлакат дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода шудааст, ки ҳадафи асосии он татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва мусоидат дар амалӣ намудани пешниҳоду ташаббусҳои онҳо мебошад”.

Сарвари давлат барои беҳтар гардонидани шароиту имкониятҳои ҷавонон, бунёди майдону толорҳои варзишӣ, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ, тарғибу ташвиқи варзиш ва тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон, таъсиси ҷойҳои иловагии корӣ, ҷудо кардани маблағҳои грантӣ барои ҷавонон баҳри пешбурди соҳибкории хурду миёна, таъсиси нави марказҳои касбомӯзӣ, тарбияи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби ҷавонони фаъол ва ташаббускор бо мақсади ба корҳои роҳбарикунанда ҷалб намудани онҳо, пурзӯр намудани корҳои таблиғотӣ дар миёни ҷавонон ҳамеша мусоидат менамояд.

Аз ин рӯ, ҳифз ва нигоҳдошти арзишҳои таърихию фарҳангии миллӣ аз вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷаи ҷавонон маҳсуб меёбад. Ин аст, ки имрӯз ҷавонони тоҷик аз нуфузу арзишҳои пешқадами фарҳангию маънавӣ ва дастовардҳои беназири илмию техникии давлатҳои пешрафта, бавеҷа, технологияи муосири коммуникатсионӣ, нанотехнология ва амсоли ин истиқбол менамоянд ва мекӯшанд, ки ҳарчи бештар аз дастовардҳои мамлакатҳои мутамаддин бархурдор бошанд ва худ низ дар ин ҷараён саҳмгузор бошанд.

Аз он ҷумла ҳамаи мо вазифадорем, ки бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар, ба хотири фардои неку ободи Ватанамон ҳарчи бештар заҳмат кашида, Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонем.

Валиева Н.М. муаллими калони кафедраи кори бонкии ДДҲБСТ

You might also like