Фаъолияти маҳфилҳои назди кафедраҳои ДДҲБСТ

Вобаста ба ихтисос дар назди ҳамаи кафедраҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маҳфилҳои гуногуни илмиву адабӣ ва маърифатии доимоамалкунанда фаъолият доранд.

Дар кафедраи хадамоти гумрук маҳфили “Гумрукшинос” амал менамояд. Дар доираи маҳфил  донишҷӯён дар мавзӯҳои “Рушди инфрасохтори гумрукӣ дар шароити густариши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Усулҳҳои муайян намудани арзиши гумрукии мол ва тартиби истифодаи он”, “Рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамлакатҳои ИДМ” маърӯзаҳо ироа намуданд. Маҳфили “Гумрукшинос” бо мулоҳизаронӣ ва  саволу ҷавоб ба интиҳо расид.

Ҳамчунин дар кафедраи мазкур маҳфили тарбиявию адабии “Каломи бадеъ” баргузор гардид. Донишҷӯёни фаъол дар мавзӯҳои “Ашъори мутафаккирони форсу тоҷик оид ба ахлоқи ҳамидаи инсонӣ”, “Эҷодиёти Шайх Камоли Хуҷандӣ”, “Фарҳанг ҳастии миллат” баромад намуданд. Зимни баргузории маҳфил зикр гардид, ки донистану омӯхтани осори бузургон ба камолоти инсонӣ расидан, тарғиби ахлоқи ҳамида ва ватанӯстиву эҳтироми арзишҳои миллӣ раҳнамун месозад.

Дар факултети инноватсия ва телекоммуникатсия бошад аз фанни физика маҳфили ҳозирҷавобон доир гардида,  донишҷӯён дар мавриди ҳалли  масъалаҳои физикӣ, навиштани масълаҳои физикӣ дар муддати кӯтоҳ, масъалаҳои мантиқӣ, кроссворд ва саволу ҷавоб байни ҳам мусобиқа намуданд.

Баргузории маҳфилҳо дар дигар кафедраҳои донишгоҳ идома доранд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like