Корманди ДДҲБСТ – Шамсия Мадалиева соҳиби мақоми аввал дар даври ҷумҳуриявии Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гардид
Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон боз як муваффақияти тозаи ҷавонони соҳибистеъдодро истиқбол гирифт. Шамсия Мадалиева-коргузори фаъоли Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва довталаби шоистаи даври ҷумҳуриявии Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар номинатсияи “Адабиёти муосири тоҷик” мақоми аввалро ба даст овард.
Ин пирӯзии баланд, ки натиҷаи заҳмати пайваста, ҷустуҷӯҳои илмӣ ва муҳаббати беандоза ба китобу адабиёт аст, мавриди истиқболи самимии ҳайати омӯзгорон, донишҷӯён ва кулли ҷомеаи донишгоҳ қарор гирифт. Маҳз дониш, мутолиаи амиқ ва қобилияти таҳлилӣ буд, ки Шамсия Мадалиеваро дар байни даҳҳо ширкаткунандаи пуриқтидор ба сатҳи баланд баровард.
Бо қарори ҳайати ҳакамон, ӯ барои ишғоли мақоми якум бо Дипломи ифтихорӣ ва мукофоти пулӣ ба маблағи 70 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардид. Ин дастовард на танҳо ифтихори шахсии ӯст, балки нишондиҳандаи сатҳи баланди омодагии кадрҳои ҷавони донишгоҳ ва таваҷҷуҳи бесобиқа ба тарғиби китобдорӣ ва рушди фарҳанги мутолиа дар кишвар мебошад.
Раҳбарияти донишгоҳ таъкид менамояд, ки дастоварди мазкур барои тамоми донишҷӯёни соҳибистеъдод намунаи ибрат буда, бозгӯйи он аст, ки меҳнат, сабру таҳаммул ва талошҳои пайгирона ҳамеша самари нек меорад.
Ҷомеаи донишгоҳ бо ифтихор таъкид мекунад, ки муваффақияти Шамсия Мадалиева боз як саҳифаи заррин дар таърихи дастовардҳои ДДҲБСТ мебошад ва умедвор аст, ки ин гуна комёбиҳо минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.
Ёдовар мешавем, ки донишҷӯи дигари донишгоҳ Азиза Ҷумаева дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар номинатсияи сарояндагӣ мақоми ифтихорӣ Дипломи дараҷаи 1 ва ҷоизаи пулии 70,000 сомониро ба даст оварда буд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа






