Табрикоти Ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода ба муносибати Рӯзи Парчами миллӣ

Устодони гиромӣ, донишҷӯёни азиз!

Бо самимият ва эҳтироми беандоза Шуморо ба ифтихори яке аз арзишмандтарин ҷашнҳои муқаддаси  давлатӣ – Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, барои ҳар яки Шумо ва аҳли хонадонатон саломатии бегазанд, саодати рӯзгор, бурдборӣ ва муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки солҳои истиқлолият ба ҳайси рамзи ваҳдату муттаҳидӣ ва нишони ифтихору шарафи миллӣ собит гардидааст, дар худ таърихи пурғановати давлатсозии тоҷикон, фарҳанги волои адабиву маънавӣ ва ормонҳои созандаву созгорро таҷассум мекунад. Ҳар ранг ва ҳар унсури ин рамзи муқаддас дорои маънои амиқи таърихӣ ва фалсафӣ мебошад.

Ранги сурх ёдоварандаи қаҳрамониву матонати ниёгони мо, ки дар тӯли асрҳо барои ҳифзи тамомияти арзии Ватан, пойдории давлатдорӣ ва нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ талош кардаанд.

Ранги сафед рамзи ниятҳои поку созанда, сулҳу субот, дӯстиву ҳамбастагӣ ва ормони мардумест, ки сулҳро ҳамчун арзиши бузурги маънавӣ эҳтиром медоранд.

Ранги сабз бошад рамзи табиати зебои кишвари азизамон ва тасмими устувори мо барои ояндаи ободу шукуфои сарзамини аҷдодӣ мебошад.

Тоҷи заррин ва ҳафт ситора ифодагари соҳибдавлатӣ, худшиносии миллӣ, саодатмандӣ ва саъю талоши ҳамешагии мардуми тоҷик дар роҳи пешрафт ва комрониҳои нав мебошад.

Имрӯз, вақте ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, илмиву технологӣ ва фарҳангӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад, Парчами миллӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар ҳамчун омили асосии худшиносу худогоҳӣ, рамзи ваҳдати милливу субот ва сарчашмаи ифтихору масъулият хизмат мекунад. Он моро ба ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, устувории сулҳ, меҳнати софдилона барои пешрафти Ватан даъват менамояд.

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар самти омодасозии мутахассисони рақобатпазир, соҳибдонишу соҳибмаърифат ва ватандӯст фаъолияти хешро таҳким мебахшад. Мо ифтихор дорем, ки донишгоҳ имрӯз  ба яке аз марказҳои муҳимми таҳсилоти олӣ табдил ёфта, барои ҷавонони болаёқат имкониятҳои фарохи илмӣ, методӣ, ташкиливу эҷодӣ ва муҳити солими донишандӯзиро фароҳам месозад. Зери Парчами давлатӣ, ки рамзи шараф, садоқат ва масъулият мебошад, садҳо донишҷӯёну ҷавонони мо ба зинаҳои нави комёбиҳо қадам мегузоранд ва барои ободии Тоҷикистони азиз саъю кӯшиш менамоянд.

Бо истифода аз ин фурсат, мехоҳам ба тамоми устодони арҷманд, кормандону донишҷӯёни донишгоҳ ва ҳамаи онҳое, ки дар пешбурди рисолати илмию маърифатии донишгоҳ саҳм мегузоранд, изҳори сипосу миннатдорӣ намоям.

Ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ бароятон таманно дорам, ки зери ин рамзи муқаддас ҳамеша бо эҳсоси сарфарозии миллӣ ва фикру андешаи созанда умр ба сар барем.

Бигзор Парчами давлатии Тоҷикистон дар фазои осудаву ороми кишвари маҳбубамон ҳамеша парафшон бошад ва моро ба сӯи ояндаи боз ҳам дурахшон, пурсаодат ва мустаҳкам раҳнамоӣ созад.

Рӯзи Парчами миллӣ муборак бошад!

You might also like