Ғолибони мусобиқаҳои донишгоҳӣ муайян шуданд

Бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  бахшида ба ҷашни Рӯзи Президент, солгарди Иҷлосияи таърихиву тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ, дар донишгоҳ мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намуди футбол барои дариёфти Ҷоми раёсати донишгоҳ миёни омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардида буд. Чорабинӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, густариши дӯстӣ ва таҳкими муҳити солим дар ҷомеаи донишгоҳӣ ташкил шуд.
Дар ҷараёни мусобиқа дастаҳо маҳорати варзишӣ, ҳамбастагӣ ва рақобат нишон доданд.
Натиҷаҳои мусобиқа миёни кормандону омӯзгорон:
Ҷойи якум — Раёсати донишгоҳ
Ҷойи дуюм — факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ
Ҷойи сеюм — факултети технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерӣ
Натиҷаҳои мусобиқа миёни донишҷӯён:
Ҷойи якум — факултети ҳуқуқшиносӣ
Ҷойи дуюм — сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ
Ҷойи сеюм — технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерӣ
Ҳамчунин, байни бонувони донишгоҳ низ мусобиқаи волейбол ҷараён дорад.
Мусобиқаҳо дар сатҳи баланд ва бо иштироки фаъолонаи ҳам омӯзгорон ва ҳам донишҷӯён доир гардида, ба рушди варзиш, тақвияти ҳамкорӣ ва баланд бардоштани фазои ягонагӣ дар донишгоҳ мусоидат намуд.
Ғолибон дар таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ қадршиносӣ хоҳанд шуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like