ДДҲБСТ: Баргузории силсилачорабиниҳо бахшида санаҳои сарнавиштсоз
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи Президент ва солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои маърифатӣ, тарбиявӣ ва фарҳангӣ баргузор шуданд.
Дар доираи ин рӯзҳои хотирмон дар ҳамаи кафедраҳо ва факултетҳои донишгоҳ соатҳои тарбиявӣ, мулоқотҳои омӯзанда, маҳфилҳои ихтисосӣ, намоишҳои китоб ва барномаҳои фарҳангӣ доир гардиданд. Устодону донишҷӯён дар ҷараёни суҳбатҳо ва вохӯриҳо нақши таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими давлатдорӣ, соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд.
Чорабиниҳо бо иштироки фаъоли донишҷӯён сурат гирифтанд, ки ин худ гувоҳи баланд шудани маърифати шаҳрвандӣ ва эҳсоси ватандӯстии насли ҷавони кишвар мебошад.
Таъкид шуд, ки баргузории чунин барномаҳои маърифативу тарбиявӣ барои таҳкими эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ миёни ҷавонҷон аҳамияти хоса дорад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа
































