Ғолибияти донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуну мусобиқаҳои сатҳи баланд

Донишҷӯёни фаъолу соҳибистеъдоди факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ натиҷаҳои шоён нишон доданд.
Донишҷӯ Ҷабборзода Умедҷон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштингирӣ сазовори ҷойи якум гардид, инчунин Сатторова Мадинахон дар озмуни вилоятии “Беҳтарин донандаи Конститутсия” мақоми аввалро соҳиб шуд.
Ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода ғолибонро ба ҳузур пазируфта, онҳоро барои дастовардҳои арзандаашон табрик намуда, таъкид дошт, ки муваффақияти ҳар як донишҷӯ ва корманди донишгоҳ — дастоварди донишгоҳ мебошад.
Бо ин дастовардҳои назаррас донишҷӯёни донишгоҳ Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз Ватану донишгоҳ пешвоз мегиранд.

                                                                                              Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like