Иштирок дар симпозиуми байналмилалӣ

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар заминаи санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи маорифи Тоҷикистон робитаҳои хешро бо муассисаҳои кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, сафорату намояндагии онҳо таҳким бахшида, иқтидори илмӣ, таълимӣ, фарҳангиашро густариш медиҳад.

Дар доираи ҳамкориҳо муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, д.и.и, профессор Бобоҷонов Д.Д. дар  конгресси байналмилалӣ таҳти унвони «Сиесати забонии  кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил”, ки дар пойтахти Белорусия, шаҳри Минск доир гардид, иштирок намуд.

Намояндагон аз марказҳои  илмӣ, таълимӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии давлатҳои ИДМ, мутахассисон дар соҳаи маориф ва забоншиносӣ, намояндагони нашриёти Россия, муаллифони китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ-методӣ, адабиётшиносон аз кишварҳои ИДМ, намояндагони ВАО дар конгресси мазкур ширкат варзидаанд.

Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Бобоҷонов Д.Д. дар конгресси мазкур дар мавзӯи “Онлайн-технологияҳои муосир дар соҳаи маориф: ҷолишҳои нав барои сиесати таълимӣ” баромад намуда, донишгоҳамонро муаррифӣ намуд.

Ҳадафи конгресс ташкили муҳокимаи васеи коршиносон дар масъалаҳои бисёрзабонӣ, таҳлил ва пахши навори самараноки амалияи мутобиқсозии вазъи забонӣ дар шароити рушди таҳсилоти бисерзабонӣ арзёбӣ мегардад

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like